Сомонаи “Евразиянет.орг” ахиран бо истинод ба дигар манбаъҳо иттилоъ дод, ки рӯзи 2 май писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустам дар як моҷарои хонаводагӣ сӯи тағояш Ҳасан аз туфангча тир андохта ӯро маҷрӯҳ кардааст.
Ин нашрияи электронӣ менависад, ки моҷаро дар пояи “мубориза барои назорат аз болои яке аз бузургтарин бонкҳои кишвар” сар задааст. “Евразиянет” бо такя ба дигар сомонаи интернетӣ - Фергана.ру хабар додааст, ки раиси “Ориёнбанк” “ба таври оҷил барои табобат ба Олмон интиқол ёфт ва аммо он ҷо рӯзи 8 май аз дунё даргузаштааст”.
Аз ин пеш сомонаи “Узметроном” хабар дода буд, ки моҳҳои ахир яке аз духтарони раисиҷумҳур Таҳмина талош дорад то бонки тағояшро таҳти назорати худ қарор диҳад. “Евразиянет” бо такя ба “Узметроном” менависад, “чун музокирот натиҷае надод, Рустам Раҳмон шояд ба хотири кумак ба апааш ин моҷароро аз тариқи дигар ҳал карданӣ шудааст”.
Нашрияҳои электронӣ меафзоянд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо лаҳни шадид ба ҳамаи сохторҳо дастур додааст, ки аз пахши ҳама гуна иттилоъ оид ба ин моҷарои хонаводагӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ва аммо овозаҳо дар бораи моҷаро дар хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳалокати раиси “Ориёнбанк” то куҷо ҳақиқат доранд?
Барои дарёфти посух ба ин суол ба муовини раиси ин бонк Умед Давлатзода телефон задем. Ӯ хабари даргузашти Ҳасан Асадуллозодаро рад кард ва гуфт: "Алҳамдуллилоҳ, сиҳату саломатанд, дар сари коранд ва иншоаллоҳ, корашон пешрав аст."
Аз Умед Давлатзода пурсидем, дар ҳоле, ки Тоҷикистонро овозаҳо дар бораи ҳалокати раиси “Ориёнбанк” фаро гирифта ва сомонаҳои интернетӣ дар ин бора ҳамарӯза матолиб нашр мекунанд, чаро худи Ҳасан Асадуллозода ваё дигар мақомоти бонк барои такзиби ин хабарҳо ё эътироз ба нашри овозаҳо шитоб надоранд? Вай посух дод: "Барои ҳангомае, ки муаллифу сарчашмааш маълум нест, маъхазаш маълум нест, хайр ба ҳавли тоҷикон "занакои лави ов"... ба занакои лави ов чӣ лозим аст эътироз баён кардан ё ки гуфтан, ки ин хел нест? Агар ягон иттилоъ мешуд, ки кадом сарчашма ин хабарро додааст, мо ба он сарчашма ҷавоби рад менавиштем. Ман фикр мекунам, ки ҳоҷати ҷавоб додан нест ва ба ҳар сурат ин чиз бевосита дар салоҳияти худи ҷаноби Асадуллозода аст, баъдан чӣ хеле ки ман ҳайд кардам, ҳоҷате ҳам надорад, ба он мардум ҷавоб додан ва барои чй ин расонаҳо ин хабарро пахш карданд, ба қавле ҳавола ба виждону ба қавле обрӯи худи ҳамон расонаҳо."
Ёдовар мешавем, аз ин пеш Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Берлин ҳам хабари барои табобат ба Олмон интиқол ёфтани Ҳасан Асадуллозодаро рад карда буд. Як манбаъи дигари ҳукуматӣ ба мо хабар дод, ки Ҳасан Асадуллозода се рӯз пеш дар як нишаст ва зиёфат дар сафорати Русия ба шарафи Рӯзи Ғалаба ширкат дошт. Ва аммо чанд тан аз меҳмонони ин зиёфат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро рад карданд.
Зимнан, бархе аз коршиносони маҳаллӣ имкони рух додани моҷарои хонаводагӣ ва ҳалокати Ҳасан Асадуллозода (Ҳасан Саъдуллоев)-ро баъйид намедонанд ва рӯпӯш кардани онро бо чанд омил бастагӣ медиҳанд. Аввалан, ба гуфтаи онҳо, агар ин иттилоъ тайид шавад, фардои Рустам Раҳмон, писари раисиҷумҳур ва вориси эҳтимолии ӯ дар мақоми олии Тоҷикистон зери суол қарор хоҳад гирифт.
Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, мақомот хуб дарк мекунанд, ки вазъи феълии Тоҷикистон басо ҳассос аст, зеро мардум азияти зимистони қаҳратуни имсоларо аз ёд набурдаанд ва аз болоравии қимати озуқа ва афзоиши фасод дар сохторҳои ҳукуматӣ ба танг омадаанд ва шояд пахши иттилоъ дар бораи моҷаро дар хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон норозигиҳои навро ба миён оварад.
Дар сӯҳбатҳои бидуни микрофон коршиносон ҳамчунин ҳадс заданд, ки шояд мақомот фурсат мехоҳанд то фарзияи дигари ҳалокати раиси Ориёнбанкро ба мардум ироъа намоянд. Сомонаи интернетии “Евразиянет” менависад, ки Ҳасан Асадуллозода (Саъдуллоев) то ҳафтаҳои ахир яке аз бонуфузтарин афроди Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Ва аммо моҳи ахир чанд нишонаи поин рафтани нуфузи ӯ ба чашм расид. Аз ҷумла, мақомот барои чанд муддат пахши барномаҳои радиои “Имрӯз” – радиои таҳти назорати ӯро бо сабабҳои техникӣ қатъ карданд.