Ҳизби марҳум Бҳутто дар эътилоф бо ҳизби Навоз Шариф, нахуствазири собиқ, яъне Ҳизби Лигаи Мусулмонии Покистон, ҳукумати эътилофиро ташкил мекунанд. Оқои Гилонӣ ахиран дар сӯҳбате ба хабарнигорон гуфт, Покистон марҳалаи душвореро паси сар мекунад ва дар чунин шароит ҳамкории ҳамаи қишрҳои ҷомеъа зарур аст.
Номзадии оқои Гилонӣ ба мақоми нахуствазирӣ рӯзи душанбе, 24 март, ба раъйдиҳӣ гузошта мешавад. Баъд аз як рӯзи тасвиб вай ба раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф савганд ёд хоҳад кард. Таҳлигарон мегуянд, ҳукумати нави эътилофӣ талош хоҳад кард, Парвиз Мушаррафро заъиф созад ва қозиёни додгоҳро, ки аз кор барканор шудаанд, дубора барқарор кунад.
Ҳамзамон Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон, Мушарраф рӯзи якшанбе дар робита бо Рӯзи Покистон дар Исломобод дар ҷараёни реҷаи низомӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати нав мусолиҳаи сиёсиро ҳифз хоҳад кард. Вай афзуд, ҳар ҳукумате, ки ташкил мешавад, аз ҳимояти ҳамаҷонибаи ӯ бархурдор хоҳад буд.
Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон, соли 1999 бидуни хунрезӣ дар натиҷаи як кудато ба қудрат расид. Моҳи ноябри соли 2007 вай зери фишори мухолифонаш аз мақоми Фармондеҳи Кулли неруҳои Покистон истеъфо дод. Вале вай тибқи Қонуни Асосӣ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҳақ дорад порлумонро пароканда ва нахуствазирро аз мақомаш барканор созад.