Покистон рӯзи 18 феврал порлумони нави худро интихоб кард. Дар ҳоли ҳозир, шумориши раъйҳо идома дорад.
Бо такя бар натоиҷи аввалия, ҳам тарафдорони раисҷумҳур Парвиз Мушарраф ва ҳам ҷонибдорони аҳзоби мухолиф ба ғалабаи худ итминон доранд ва онро ҷашн мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз мухолифон бонги изтироб задаанд, ки натоиҷи интихобот метавонад мавриди тақаллуб қарор бигирад.
Оҷонсиҳои бонуфузи хабарӣ навиштаанд, иҳсоиёти аввалия аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки эҳтимолан тарафдорони Мушарраф аз бархе курсиҳои порлумон хоҳанд бархест. Аммо ҳанӯз дақиқ чизеро гуфтан душвор аст.
Интизор меравад, натоиҷи раъйдиҳӣ бегоҳи рӯзи 19 феврал расман эълом бишаванд.
Бо сомонаи Озодӣ бимонед ва аз натоиҷи комили интихоботи Покистон огоҳ бишавед.