Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни таҳқиқи байнулмилалии куштори Бҳутто


Тафтишоти гурӯҳи пулиси Бритониё собит кард, ки Беназир Бҳутто, сарвазири пешини Покистон, бар асари таркиш ба ҳалокат расидаааст. Иддаои аз тир кушта шудани ӯ аз сӯи муфаттишони Скотланд Ярд рад карда шуд.

Беназир Бҳутто, сарвазири собиқи Покистон ва раиси Ҳизби мардумӣ - ҳизби мухолифи ҳукумат моҳи декабри соли гузашта, дар ҳоле мавриди ҳамла қарор гирифт, ки баъди анҷоми суханронӣ мехост ҳамоиши ҷонибдоронаш дар шаҳри Равалпиндиро тарк бигӯяд. Тибқи гузориши бритониёвиҳо, бар асари инфиҷор сари хонум Бҳутто ба болопӯши фулодини мошин бархурдааст ва ин ҷароҳати сангин боиси ҳалокати ӯ шудааст.

Он лаҳзаи фоҷиабори таркиш, ба гуфтаи муфаттишони Скотланд Ярд, Бҳутто мехост вориди мошин шавад. Онҳо ҳамчунин эълом доштанд, ки ҳамла ба Беназир Бҳутто аз сӯи як нафар сурат гирифтааст. Қаблан ҳадс зада мешуд, ки ин ҳамларо дасти кам ду нафар анҷом додаанд.

Гузориши муфаттишони бритониёвӣ он фарзияи куштори хонум Бҳутторо тайид мекунад, ки қаблан аз сӯи ҳукумати Покистон эълон шуда буд. Пайвандон ва ҷонибдорони хонум Бҳутто ба фарзияи расмӣ шак оварда иддао доранд, ки хонум Беназир аз тири туфангча кушта шудааст ва аз ин рӯ хостори тафтиши мустақилонаи таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

Вокуниши пайвандону ҷонибдорони хонум Бҳутто ба гузориши муфаттишони бритониёвӣ алҳол маълум нест. Ва аммо Биловал Бҳуто Зардарӣ, писари хонум Бҳутто ва раиси ҳизби мардумии Покистон аз аввал ба пажуҳиши беғаразонаву воқеъбинонаи ҳодиса аз сӯи муфаттишони бритониёвӣ шубҳа карда буд.

Гузориши гурӯҳи Скотланд Ярд дар ҳоле нашр шуд, ки мақомоти Покистон дар бораи боздошти боз ду гумонбари куштори хонум Бҳутто хабар доданд. Ин дафъа низ, чун як моҳи пеш, боздоштшудаҳо наврасонанд. Ёдовар мешавем, моҳи гузашта дар шаҳри Дера, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон Айтизас Хони 15-сола боздошт шуд, ки, ба иқрори худаш, ба гурӯҳи эҳтиётии қотилони хонум Бҳутто шомил будааст. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ аз панҷ нафар иборат буд ва ҳар яке аз онҳоро барои куштори Бҳутто тамрин медоданд. Тамринҳо дар як пойгоҳи Вазиристони ҷанубӣ, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон мегузаштанд. Ин минтақаи қабоилнишин таҳти назорати Байтулло Мақсуд, маҳбуси собиқи Гуантанамо ва яке аз ҳампаймонҳои наздики раҳбарони “Ал-Қоида” ва Толибон қарор дорад.

Зимнан, дар рӯзҳои аввали баъди аз куштори хонум Бҳутто мақомоти интизомии Покистон маҳз сӯи Байтулло Мақсуд чун тарроҳи ин ҳамлаи террористӣ ишора карда буданд. Раиси Хадамоти марказии кашфи Амрики ё CIA Майкл Ҳайден низ дар мусоҳиба бо нашрияи Washington Post гуфта буд, ки тибқи иттилоъи истихборотӣ ҳамла ба Беназир Бҳутто аз сӯи Байтулло Мақсуд ва афроди ӯ тарҳрезӣ ва татбиқ шудааст. Ва аммо намояндаи Байтулло Мақсуд ин иддаоҳоро қатъӣ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG