Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Гордон Браун ба Теҳрон


Гордон Браун, нахуствазири Бритониё
Гордон Браун, нахуствазири Бритониё

Нахуствазири Бритониё ба Теҳрон ҳушдор дод, ки агар ба дархостҳои СММ дар бораи қатъи ғанисозии урониюм гуш надиҳад, ба таҳримҳои бештар дучор хоҳад шуд.

Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, зимни суханронӣ дар ҷаласаи вижаи порлумони Исроил рӯзи душанбе дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон гуфт, "ҳамон гуна, ки Бритониё раҳбарии се қатъномаи СММ-ро дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди Ирон ӯҳдадор аст, якҷо бо Амрикову кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо азми росих дорад, аз барномаҳои ҳастаии Эрон ҷилавгирӣ кунад". Вай ҳамчунин таҳдидҳои Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, бар зидди Исроилро "нафратангез" хонд:

"Баъзеҳо бовар доранд, ки чунин эъломияҳои таҳдидомез бетарафона ба гушашон мерасад. Вале мо бо як садо мегӯем: Ин комилан нафратангез аст, ки раисиҷумҳури Ирон аз харитаи ҷаҳон пок сохтани номи Исроилро мехоҳад".

Ин суханони нухаствазири Бритониё дар ҳоле садо дод, ки рӯзи душанбе хонум Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрико, ҳушдор дод, ки Эрон бояд ба бастаи пешниҳодҳои маҳофили байнулмиллалӣ посухи ҷиддӣ бидиҳад, вагарна ба таҳрим дучор хоҳад шуд. Хонум Райс ин суханонро дар роҳи сафар ба Абудабӣ изҳор дошт. Вай дар ҷараёни ин силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Ховари Миёна бӯҳрони ҳастаии Эронро низ баррасӣ хоҳад кард.

Ҳушдори зидди Эрон аз Лондону Вошингтон замоне садо медиҳад, ки ибтикороти навини дипломатии Амрико дар бораи ҳалли ин бӯҳрон ба ҷое нарасидааст. Дар поёни ҳафтаи гузашта дар мулоқоти панҷ кишвари узви доимии Шурои Амнияти СММ ва Олмон, ё 5+1 дар Женев Эрон ба ин ибтикорот посухи мушаххас надод. Дар ин мулоқот бори аввал намояндаи баландпояи Амрико дар сатҳи муъовини вазири хориҷа, яъне дар симои Виллям Бурнз ширкат дошт.

Ҳовиер Солана, масъули бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки аз ҷониби 5+1 раёсати ин мулоқотро ӯҳдадор буд, мулоқотро "созанда", вале "ғайриқаноъатбахш" арзёбӣ кард. Вай гуфт, то ҳол маҳофили байнулмиллалӣ мунтазири посухи Эрон ба пешниҳодҳояшон мебошанд.

Аммо ҷониби Эрон мулоқоти Женевро барои худ муваффақиятомез хондааст. Масалан, рӯзи якшанбе Маҳмуди Аҳмадинежод, раисиҷумҳури Эрон, ин мулоқотро "қадаме ба пеш" арзёбӣ кард. Гузашта аз ин Саид Ҷалилӣ, раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон, гуфт, дар мулоқоти Женев масъалаи муттавақиф сохтани ғанисозии урониюми Эрон баррасӣ нашудааст.

Бо назардошти изҳороти ҳар ду ҷониб метавон ба хулосае расид, ки дар ҳалли бӯҳрони ҳастаии Эрон боз ҳам пешрафте ба даст наомадааст ва вазъ ҳамонест, ки то ҳол ба назар мерасид. Зоҳиран, кишварҳои муҳими ғарбӣ, 5+1 тасмим гирифтаанд, ки агар ин бор низ мулоқот натиҷа надиҳад, бар зидди Эрон дар Шӯрои Амният таҳримҳои ҷадид матраҳ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG