Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон


Вошингтон мехоҳад ҳимояти Аврупоро барои эъмоли таҳримҳои ҷадид бар зидди Эрон ба даст орад.

Ҷорҷ Буш - раисиҷумҳури Амрико қисмати аъзами илсилабоздид ҳояш аз кишварҳои аврупоиро ба баррасии мавзӯъи Эрон ихтисос дод. Вай дар мулоқот бо раҳбарони Аврупо аз онҳо хост дар баробари бӯҳрони ҳастаии Эрон мавзеъгирии ҷиддӣ дошта бошанд. Вошингтон мехоҳад ҳимояти Аврупоро барои эъмоли таҳримҳои ҷадид бар зидди Эрон ба даст орад, агар Эрон бастаи пешниҳодҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амният ва Олмонро рад кунад. Ҷорҷ Буш дар ҷараёни ин боздид дар робита бо бӯҳрони ҳастаии Эрон аз ҳимояти қавии кишварҳои аврупоӣ бархурдор шуд. Аз ҷумла Гордон Браун -нахуствазири Бритониё рӯзи душанбе баъд аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти хабарие дар Лондон аз мавзеъгирии вай ҳимоят кард: "Агар Эрон ҳамчунон аз қатъномаи Шӯрои Амният ва аз пешниҳоди мо дар бораи ҳамкорӣ сарфи назар кунад, мо ба ҷуз аз ташдиди таҳримҳо чорае дигар надорем".

Боздиди Ҷорҷ Буш аз Лондон дар ҳоле анҷом мегирад, ки рӯзи шанбе Эрон пешниҳодҳо дар бораи муттаваққиф сохтани ғанисозии урониюмро рад кард. Дар мулоқоти Ҷорҷ Буш бо Гордон Браун вазъи Афғонистон низ баррасӣ шуд. Оқои Браун гуфт, Бритониё омода аст, ба Афғонистон нируҳои бештар бифиристад ва шумораи ин нируҳо ҳудудан ба 8-ҳазор нафар бирасад. Раисиҷумҳури Амрико аз ин изҳорот истиқбол кард.

Ҳоло тақрибан 7-ҳазору 800 нафар нируи Бритониё дар Афғонистон, ба вижа дар вилояти Ҳелманди ин кишвар, мустақаранд. Ҷорҷ Буш дар ҷараёни боздидаш аз Бритониё аз Афғонистону Покистон хост барои муқобила бо тундравҳое, ки дар имтидоди марзи миёни ҳар ду кишвар даст ба табаҳкорӣ мезананд, бештар ба гуфтугӯ нишинанд. Буш гуфт: "Шумо медонед, коре, ки мешавад, анҷом дод, музокироти бештар миёни ҳукумати Покистон ва Афғонистон аст. Дар гузаштаҳо онҳо дар миёни сарони раҳбарони қабоили ҳар ду тарафи хати марз ҷирга доштанд ва он ба вазъ асар мегузошт. Ман фикр мекунам, ки дубора чунин ҷирга ташкил шавад".

Ҳамзамон Ҷорҷ Буш аз оқои Браун хост нируҳои худро аз ҷануби Ироқ фаро нахонад. Ҳоло дар ҷануби Ироқ 4-ҳазору 200 нафар нируҳои Бритониё мустақаранд

XS
SM
MD
LG