Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз нав марги Исроилро хост


Шимон Перев ва Ҷорҷ Буш: дӯстии Исроил ва ИМА абадист!
Шимон Перев ва Ҷорҷ Буш: дӯстии Исроил ва ИМА абадист!

Дар рӯзҳое, ки 60-умин солгарди поягузории давлати Исроил ҷашн гирифта мешавад, раисҷумҳури Эрон бори дигар иброз дошт, ки ҷашнвора кӯшиши ҷилавгирӣ аз нобудии ин кишвар аст.

Аҳмадинажод боз ҳам даъват кард, ки давлати Исроил решакан карда шавад. Аммо муттафиқони Исроил таъкид мекунанд, ки дар мубориза ба даҳшатафканон Исроилро танҳо нахоҳанд гузошт.
Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар Исроил изҳор кард, ки дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ хиёнат ба наслҳои оянда хоҳад буд. Дар ҷараёни боздиди панҷрӯзааш аз Ховари Миёна президенти ИМА дар таҷлили 60-умин солгарди давлати яҳудӣ иштирок кард. Рӯзи панҷшанбе ҳангоми зиёрат аз ҷойҳои таърихии Исроил раисҷумҳури ИМА эълом намуд, ки иттиҳоди ИМА ва Исроил ногусастанист ва вақте Исроил бо террористон рӯ ба рӯ мешавад, 300 миллион аҳолии ИМА бо 7 миллион исроилӣ дар як саф меистанд.
ИМА мегӯяд, 6 кишвари нерӯмандтарини ҷаҳон дар муқобили қатъи ғанигардонии уран ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ нақшаи тақдими кафолати амниятиро надоранд.
Ин мавзӯъ баъди пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, дар мавриди тақдими кафолати амниятӣ ба Эрон аз ҷониби Вошингтон эълом гардид. Баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Олмон дар шаҳри Екатеринбург Лавров дар бораи чигунагии кафолати амниятӣ ба ҷумҳурии исломӣ тафсилоти зиёд надод, вале афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз буҳрон дар музокироти барномаи ҳаставии Эрон ва пешгирӣ аз тавсиъаи низоъ дар Ховари Миёна шашгона бояд сиёсати музокирот ва ташвиқро пеш гирад. Гордон Ҷондроу, сухангӯи Қасри Сафед, гуфт, ягона кишваре, ки ба тақдими кафолати амниятӣ эҳтиёҷ дорад, худи Эрон аст, ки бо маҳви Исроилро таҳдид мекунад.
14-уми май раисҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки "режими саҳюнистӣ" дар ҳоли нобудӣ қарор дорад. Сарвари Эрон афзуд, ки ҷинояткорон тавассути ташкили як ҷашнвора мехоҳанд режими гумроҳкунандаро аз марг наҷот диҳанд.
Эрон феълан Исроилро эътироф намекунад ва раисҷумҳури он борҳо ба маҳви Исроил даъват кардааст. Ҳанӯз соли 2005-ум раисҷумҳури тундгарои Эрон гуфт, ки Исроил бояд аз харитаи олам пок карда шавад. Ҷомиъаи ҷаҳонӣ ин суханронии Аҳмадинажодро маҳкум намуд. Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Эрон, ки қатли оми яҳудиён дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳониро рад мекунад, аз кишварҳои ғарбӣ даъват кардааст, ки Исроилро ба Амрико ва ё Аврупо кӯч диҳанд.
Австралия ҳам дирӯз изҳор кард, ки ҳадаф дорад, суханрониҳои Аҳмадинажод дар мавриди маҳви Исроилро таҳқиқ карда, парвандаро ба Додгоҳи байнулмилалии Адолат таслим намояд. Сарвазири Австралия Кевин Рад дар суҳбат бо телевизиони «SKY» ин пешниҳоди Эронро танҳо як китфзании муболиғаомези Теҳрон наҳисобида, аслан дастуре барои нерӯҳои ба ӯ гӯшдиҳандаи олами исломӣ номид.
Исроил Эронро ба амнияти худ ҳамчун як таҳдид медонад, зеро барояш ҳадафи ниҳоии Теҳрон аз пешбурди барномаи ҳастаӣ возеҳ нест ва ҳамчунин мушакҳои «Шаҳоб-3»-и Эрон имкони исобати давлати яҳудиро доранд.
Исроил дар масофаи 1000 километр аз Эрон ҷойгир шудааст. Мутазаккир мешавем, ки мушакҳои «Шаҳоб-3», ки метавонанд кулоҳаки ҳастаӣ дошта бошанд, имкони дар масофаи то 2000 километр маҳв намудани ҳадафҳоро доранд.
Дар ҳамин ҳол Эрон борҳо таъкид кардааст, ки барномаи ҳаставиаш ҳадафҳои комилан осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG