Таҳлилгарони дигар бар инанд, ки Русия шояд имкониятҳои зиёди худро барои табдил шудани ба як бозигари сатҳи байнулмилал аз даст додааст ва рӯйдодҳои Гурҷистон метавонанд, пайомадҳои дарозмуддат дошта бошанд.
Бӯҳрони Гурҷистон давлатҳои Ғарбро водор кардааст, муносибати худро бо Русия бознигарӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли охир, бо вуҷуди ишораҳои танқидии гаҳгоҳӣ, симои байнулмилалии Русия рӯ ба беҳбуд дошт ва равобиташ бо Ғарб ҳолати каҷдорумарезро ба худ гирифта буд.
Русия ба сафи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ ворид шуда, дар ҳоли имзои санади коршарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва узвият дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат қарор дошт. Акнун ҷаласаи вазирони умури хориҷии кишварҳои пешрафта бе ширкати Русия ҷараён гирифт. Иттиҳоди Аврупо гуфт, бояд мушаххас кунад, ки созишномаи коршарикӣ бо Русия зарур аст ё на ва музокироти узвияти Маскав дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд.
Стефан Пифер, сафири пешини Амрико дар Укроин ва ҳоло коршиноси Пажӯҳишгоҳи Брукингз дар Вошингтон мегӯяд, ба хотири табдил шудан ба бозигари сатҳи ҷаҳонӣ, Русия ба эҳтироми муайяни Ғарб ниёз дорад, вале ин эҳтиром ҳоло зери хатар аст:
"Манзарaи он ки Русия ҳамсояи кӯчакашро бомбаборон мекунад, диққати мардумро ба гунае ҷалб кард, ки қаблан корҳои дигари Русия дар чанд соли гузашта ҷалб накарда буданд."
Ғарб аъмоли Русия дар Чеченистонро зуд фаромӯш кард ва эътирозҳо аз қатли журналист Анна Политковская ва ё ҳабси суолбарангези сарватманд Михаил Ходорковский бештар ташаббуси созмонҳои шаҳрвандӣ буданд, то таваҷҷӯҳи давлатмардон ва куллан Ғарб талош дошт, Русияро ба канори худ бигирад ва онро тадриҷан ба эҳтироми меъёрҳои байнулмилалӣ водор созад.
Нархи баланди нафт, пойфишориҳои путинӣ ва комёбиҳои назаррабо монанди пирӯзии ҳаққи баргузории бозиҳои олимпӣ ё то сабқати ниманиҳоӣ расидани дастаи мунтахаби футболи он дар қаҳрамонии Аврупо ва таронаи Дима Белану монанди инҳо рӯҳияи мубориза дар Русияро ба ҳадди охир баланд бурданд.
Акнун, дар ҳоле ки Маскав ҳадафи интиқод қарор гирифтааст, вазири умури хориҷии он, Сергей Лавров ба изҳороти президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш ингуна посух медиҳад:
"Дар изҳороти президенти Иёлоти Муттаҳида дар бораи кӯшишҳои чанд соли охири мо ба имзои созишномаи зидди истифодаи нерӯ байни Тифлис ва Схинволу Сухум чизе гуфта нашуд."
Ба ин суханони Лавров, ҳамтои амрикоии ӯ, Кондолиза Райс чунин посух дод:
"Вақте шумо бомбаборони бандарҳоро сар мекунед ва таҳдид мекунед, ки фурудгоҳҳоро хоҳед зад ва шаҳрҳоеро монанди Горӣ бомбаборон мекунед ва нерӯҳои худро меоред, ки аз ғарби Гурҷистон низ ворид шуда, роҳҳои асосии байни Тифлис ва Горӣ ва дигар манотиқро қатъ кунед, ин чизе бештар аз зарурати ҳифзи посдорони Русия аст ва ин аст, ки Русия барои чунин амалҳо бо маҳкум карданҳои байнулмилалӣ рӯбарӯст."
Райс пинҳон намедорад, ки кишвараш аз Гурҷистон ҳимоят мекунад ва мегӯяд, пешрафтҳои иқтисодӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ дар кишвар барои Вошингтон муҳиманд. Вай Гурҷистонро яке аз кишварҳои муҳими Барномаи Даъвати Ҳазора меномад, ки ояндааш барои Амрико боаҳамият аст. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия қазияи Гурҷистон ё дақиқтараш ҳукумати президент Саакашвилиро як лоиҳа ё пружаи Амрико номид ва таҳдид кард, ки Вошингтон бояд аз ду якеро интихоб кунад:
"Албатта, мо мефаҳмем ва онҳо дар ин бора рӯирост менависанд, ки раҳбарияти феълии Гурҷистон як пружаи махсуси Иёлоти Муттаҳида аст ва мо мефаҳмем, ки Иёлоти Муттаҳида аз ояндаи ин пружа нигарон аст, аммо рӯшан аст, ки як рӯз бояд якеро интихоб кард, ё обрӯи, ба истилоҳ, пружаи хаёлӣ ҳифз шавад ва ё коршарикии воқеъӣ дар масъалаҳое, ки амалан кори муштаракро талаб мекунанд."
Кондолиза Райс ин ҳамлаи Лавровро низ беҷавоб нагузошт:
"Гурҷистон як ҳукумати ба таври демократӣ интихобшуда дар Қафқоз аст, ки сарварони худро худ интихоб кардааст. Инро касоне метавонанд "пружа" номанд, ки бештар бо шеваи афкори Русия дар бораи ҳамсоягонашон фикр мекунанд, то дар бораи сиёсати Иёлоти Муттаҳида."
Аммо ин задухӯрдҳои лафзӣ то куҷо бурда метавонанд. Метю Клементс, сардабири Авруосиё дар маҷаллаи "Ҷейн: Кишварҳо ва Хатарҳо" дар Лондон мегӯяд, кор ҳанӯз ба ҷое нарасидааст, ки Ғарб дар баробари Русия рӯ ба чораҳои қатъӣ биёрад. Ва идомаи қазия алҳол пурра ба худи Русия, ба рафтори он дар ҳалли бӯҳрон бастагӣ хоҳад дошт.