Зимни изҳороти худ ӯ масъулияти густариши низоъ дар минтақаро бар дӯши Русия вогузошт.Буш инчунин гуфт:“Русия ба қаламрави кишвари мустақили ҳамсоя ворид шуда, ба ҳукумати демократии аз сӯи мардум интихобшуда таҳдид мекунад”.
Ин гуна амал, ба бовари раисҷумҳури Амрико, дар қарни 21 қобили қабул нест ва он ба равобити Русия бо ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо латма мезанад. Буш ба оташбаси фаврӣ дар Гурҷистон даъват кард ва аз тарҳи пешниҳодкардаи Фаронса барои ҳалли низоъ пуштибонӣ намуд. Ӯ ҳамчунин бо такя ба иттилоъи зери дасташ гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия шояд дар наздиктарин фурсат фурудгоҳи шаҳри Тифлисро мавриди ҳамла қарор диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузориҳо, Русия Амрикоро мутмаъин сохт, ки ҳадафи сарнагун кардани раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилиро надорад. Залмай Халилзод, намояндаи ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ин итминонро ӯ аз ҳамтои русаш Виталий Чуркин дарёфт кардааст.
Имрӯз аъзои Шӯрои амнияти СММ боз барои барасии вазъ дар Гурҷистон ҷамъ омаданд ва аммо дар мавриди тарҳи пешниҳодкардаи Фаронса барои ҳалли низоъ ба мувофиқа нарасиданд.
Тибқи тарҳи таҳиякардаи Фаронса – садри даврии Иттиҳодияи Аврупо – бояд дар минтақа оташбас эълон шавад ва нерӯҳои Русияву Гурҷистон Осетияи Ҷанубиро тарк намоянд. Ин тарҳро дирӯз раисҷумҳури Гурҷистон Саакашвилӣ дар ҳузури вазири хориҷаи Фаронса Бернард Кушнер имзо карда буд.
Феълан равшан нест, ки нерӯҳои Русия воқиъан ҳам ба шаҳрҳои Зугдидӣ, Горӣ ва шаҳри бандарии Потии Гурҷистон ворид шудаанд ё на. Ин ҳам дар ҳолест, ки шоми дирӯз мақомоти Гурҷистон, аз ҷумла, сарвазир Ладо Гургенидзе, хабар доданд, ки нерӯҳои Русия ин се шаҳрро ишғол кардаанд. Аммо ин иттилоъ аз сӯи вазорати дифоъи Русия рад шуд. Хабарнигориҳои ғарбӣ низ ин хабарро тайид накардаанд. Ва аммо хабарнигорон аз бесомонӣ ва фазои тарсу ваҳм дар Тифлис иттилоъ медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, дар нуқтаҳои фурӯши бензин навбати бузург ба чашм мерасад: мардум талош доранд, ки ҳарчи зудтар шаҳрро тарк кунанд.