Вай афзуд, нерӯҳои русӣ ба иҷрои вазифаҳои худ идома хоҳанд дод, аммо дар маҳдудаи манотиқе, ки фармони оташбас дар он ҷо ба онҳо расидааст.
Ин изҳороти генерал-полковник Ноговитсин пас аз чанд соати эъломияи президенти Русия, Дмитрий Медведев садо дод, ки гуфт, ба қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Гурҷистон дастур додааст.
Медведев гуфт, тасмим гирифт, амалиётеро, ки ҳадафаш ба сулҳ маҷбур кардани мақомоти Гурҷистон буд, қатъ кунад, зеро ба гуфтаи вай вазифаи ин амалиёт ба иҷро расид, амнияти посдорони сулҳ ва аҳолии ғаринизомӣ барқарор гашт, таҷовузгар муҷозот шуд ва талафоти ҷиддӣ дод.
Президент Медведев ҳамзамон афзуд, дар ҳолатҳои зарурӣ ва дар посух ба мухолифат, тасмими маҳв гирифта хоҳад шуд.
Сарвазири Гурҷистон, Ладо Гургенидзе дафъатан пас ин изҳороти Медведев ба хабаргузории Ройтерз гуфт, Тифлис далоили бештаре мехоҳад, ки қатъи амалиётро тасдиқ кунад ва то он замон ба ҳама гуна таҳаввулот омода хоҳад буд.
Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, ки мехоҳад барои қатъи даргириҳо ва оғози гуфтушунид миёнҷигарӣ кунад, аз изҳороти Медеведев истиқбол кард ва онро хабари хуше номид, ки ба бозгашти ҳолати пеш аз низоъ мусоидат мекунад.
Аммо бархе аз мансабдорони Гурҷистон мегӯянд, чандин минтақаи кишварашон батакрор ҳадафи бомбаборон қарор гирифтааст ва ҳамлаи нерӯҳо ба дараи Кодорӣ идома дорад. Дар шаҳри Горӣ низ садои тирандозӣ шунида мешавад. Суханони онҳоро, ки нерӯҳои Русия Гурҷистонро аз байн ду тақсим ва шарқи мамлакатро аз ғарби он ҷудо кардаанд, мақомоти Русия низ тасдиқ мекунанд.
Кумиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, наздик ба 100 000 нафар бар асари даргириҳо ба паноҳанда табдил ёфтаанд. 30 ҳазор нафар аз Осетияи Ҷанубӣ ба Осетияи Шимолии Русия интиқол ёфта, 12 000 нафар дар дохили ин минтақаи ҷудоихоҳ беҷо шудаанд ва 56 000 нафари дигар аз минтқаи марказии Горӣ ба дарунтари Гурҷистон фирор кардаанд.
Дар ҳоле ки Ғарб амалкардҳои Русияро дар Қафқоз зери танқид гирифтааст, ҳукуматҳои Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар мавриди даргириҳо мавзеъи эҳтиёткорона доранд, аммо аҳолии одӣ дар ин кишварҳо қисме аз рафтори Русия ва қисме аз ҳаққи Гурҷистон ба тамомияти арзӣ ҳимоят мекунанд.
Ҳамзамон бо ҷанг сомонаҳои интернетии ҳукумати Гурҷистон комилан тахриб шудаанд ва Тифлис инро кори дасти вайронгарони компютерии Русия меномад. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, сомонаҳои давлатии он низ ҳадафи ҳамлаи ҳамоҳангшуда қарор ёфтаанд.