Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги воқеъӣ ва лафзии Русия ва Гурҷистон


Низомиёни Русия дар Осетияи Ҷанубӣ
Низомиёни Русия дар Осетияи Ҷанубӣ

Дар ҳоле ки Гурҷистон низоъ дар Осетияи Ҷанубиро чун таҳоҷуми Русия муаррифӣ мекунад, Русия дар он Тифлисро масъул медонад.

Клер Бигг

Рӯҳияи ҷангиву ватандӯстӣ ва тарбияи чунин рӯҳия дар ин шабу рӯз ба хусус дар родиёҳову телевизионҳои Русия хеле боло гирифтааст. Ироаи маълумоти маҳдуд дар бораи воқеъияти таҳаввулоте, ки дар саҳнаи даргириҳо мегузаранд, табиист ки ба афкори ҷомеъа дар Русия ва паҳнои пасошӯравӣ таъсир мегузорад.

Русия феълан дар 2 сангар меҷангад. Яке ҳамон сангари ҷангҳои воқеъӣ ба хотири аз қаламрави вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубиву Абхозистон берун кардани Гурҷистон аст. Аммо сангари дуввум сангари набарди идеюлуҷист. Дар пайи шикасти ҳамлаи нерӯҳои Гурҷистон ва касби дубораи назорат бар Осетияи Ҷанубӣ Маскав бо истифода аз расонаҳои муҳими хабарӣ ва ниҳодҳои таблиғотиаш талош дорад, аз посухи сангини низомиаш алайҳи Гурҷистон дифоъ карда, воқеъиятҳоро аз дидгоҳи барои худаш мувофиқ ба қалам диҳад.

Аз оғози низоъ, Тифлис иқдомоти Маскавро ҳамчун як амали таҳоҷумӣ алайҳи як кишвари мустақил баҳо медод. Аммо диди мақомот ва матбуоти Русия ба ин мавзӯъ комилан дигар буд. Онҳо нерӯҳои Гурҷистон дар қасди тахриби зиндагии осоиштаи мардуми Осетияи Ҷанубӣ муттаҳам карда, мегуфтанд, Маскав ба хотири наҷоти ин мардум даст ба як амалиёти башардӯстона задааст.

Телевизионии давлатии инглисизабони «Russia Today» дар бораи фоҷиъаи башарии пешомада дар Схинволӣ, пойтахти Осетияи Ҷанубӣ, ҳалокати сарбозони ҳомии сулҳ, истифодаи нерӯҳои Гурҷистон аз бамбҳои хушаӣ ва зери овори сохтмонҳои тахрибшуда боқӣ мондани шумори зиёде аз аҳолии осоишта нақл мекунад. Ин шабака иқдомоти Тифлисро бо лаҳни боз ҳам шадидтар ҳатто “наслкушӣ” низ унвон мекунад.

Ин таъбирро ба забони матбуот мансабдорони баландпояе, чун раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва сафири Маскав дар СММ Дмитрий Чуркин гузоштанд, ки низ амалиёти нерӯҳои Гурҷистон “наслкушӣ” хонда, ҳатто хостори таъсиси як додгоҳи байналмилалӣ ба хотири муҳокимаи масъулони ин амал шуданд.

Владимир Лукин, маъмури ҳуқуқи башари Русия, ҳатто таъсиси як додгоҳи байнулмилалӣ ба хотири муҳокима ва муҷозоти афроди масъул дар куштори мардум дар Осетияи ҷанубиро пешниҳод кард.

Матбуоти Русия дар ин шабу рӯз моломоли чунин баёнияҳост ва пайдарпай наворҳои пур аз сохтмонҳои тахрибшуда, захмиёни ҷанг атфоли гирёни осетинро ба намоиш гузошта, дар зимн аз ҳамалот ва бамббороне, ки нирӯҳои худи Русия болои шаҳрҳои Гурҷистон анҷом медиҳанд, чашм мепӯшад. Матбуоти русӣ масъулияти шурӯъи низоъро бар дӯши Тифлис бор мекунад ва раҳбарони Гурҷистонро дар фоҷиъаи башарии пешомада дар Осетияи Ҷанубӣ муҷрим шинохта, сазовори эҳзор дар додгоҳи байнулмилалӣ медонад.

Фёдор Лукянов, як таҳлилгари рус мегӯяд, “чунин низоъҳо ба вазъи сиёсии дохилӣ таъсир расонда, эҳсосоти ура-ватандӯстиро ташвиқ мекунад. Ва агар низоъ дар он ҷо вусъат бигирад, ба назари ман, раҳбарони Русияро лозим аст, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар навъ ҳаракатҳои зиддигурҷӣ дар дохили кишвар иқдом кунанд.”

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж”, чопи Душанбе мегӯяд, матбуоти Русия, ба хусус телевизионҳои русӣ, дар Тоҷикистон ҳамчунон як манбаъи аслии дарёфти маълумот дар бораи рӯйдодҳои Гурҷистон боқӣ мондаанд ва рӯҳияи ҷангие, ки дар лаҳни матбуоти русӣ дар қиболи ин ҳаводис дида ва шунида мешавад, табиист ки ба афкори ҷомеъа дар Тоҷикистон низ бетаъсир намондааст.

Ба эътиқоди Хуршеди Атовуллоҳ, бардошти аксари мардум аз рӯйдодҳои Гурҷистон бар пояи танҳо маълумотест, ки расонаҳои Русия нашр мекунанд.

Аммо Евгений Волк, раҳбари Бунёди Мерос дар Маскав, мегӯяд, аксари мардум дар дохили Русия ба рӯйдодҳои Осетияи Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи зиёд надорад ва аз масоили сиёсати хориҷии кишвар дида, бештар нигарони мушкилоти рӯзмарраи иқтисодие, чун таваррум ва фақр мебошанд. Ба ин далел, сӯди сиёсие, ки Русия аз набард барои як вилояти хурди ҷудоиталаби Гурҷистон мебардорад, дар дохили худи Русия чандон маҳсус набудааст.

XS
SM
MD
LG