Дар миёни 195 кишвари олам Тоҷикистон дар феҳристи ин созмон ҷойи 168-умро гирифтааст. Ба навиштаи гузоришгарони «Хонаи Озодӣ», вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон дар ҳоли бад қарор дорад. Зеро давлат тавонистааст тайи солҳои 2004-2006 бо ислоҳи бархе аз қавонин фишорро рӯи матбуот афзоиш бидиҳад.
Созмони «Фридум ҳаус» ё «Хонаи Озодӣ» дар арзёбии вазъи озодии баён дар кишварҳои олам Тоҷикистонро дар шумори кишварҳои ноозод ҷо додааст. Дар гузориши «Хонаи Озодӣ» омадааст, ки давлати Тоҷикистон бо ислоҳи бархе аз қавонин тавонистааст назорат аз болои матбуотро дар се-чаҳор соли ахир шадидтар кунад. «Хонаи Озодӣ» барои матолиби интиқодии интернетӣ ҷазо муқаррар кардани давлати Тоҷикистонро навъи фишор ва маҳдудсозии фаъолияти озоди матбуот унвон карда ва дар ин росто аз ҳодисаи ба додгоҳ кашидани журналистони нашрияи «Овоза» барои истифодаи як иқтибос аз матлаби интернетӣ таъкид кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж», бо таъйиди нукоти гузориши «Хонаи Озодӣ» мегӯяд, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ибтидои солҳои 90 комилан фарқ мекунад. Оқои Атовулло мегӯяд, то замоне, ки матбуоти мустақили тоҷик аз хидмати чопхона ва хадамоти почтаи давлатӣ истифода мебарад, дар фаъолияти худ наметавонанд комилан озод бошад. Зеро аз ин авомил ва боз авомили дигаре мақомот ҳамчун фишанги фишор бар алайҳи матбуот истифода мекунанд.
Хуршеди Атовулло меафзояд, «ба андешаи ман, то вақте, ки ду мушкили асосӣ дар масъалаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон –набудани чопхонаи мустақил ва набудани алтернативаи почтаи тоҷик ҳал намешавад, ҳеҷ вақт мушкилоти озодии баён дар Тоҷикистон роҳи ҳалли худро намеёбад. Гап дар сари он аст, ки ҳамин гуна мушкилоти техникӣ дар дили сардабирон ва муассисони рӯзномаҳо як хафв ва худсонсуриро бедор мекунад, ки масалан ҳамин чиз шояд сабабгори ҷангҷол шавад. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамин чиз боис мешавад, ки на танҳо матолиб, балки баъзе мавзӯъҳо умуман пайгирӣ нашаванд».
Дар гузориши «Хонаи Озодӣ» ҳамчунин аз сарнавишти норавшани ҳафтаномаи мустақили «Нерӯи сухан» таъкид ва баста шудани он аз сӯи давлат амали ғайриқонунӣ унвон шудааст. Мухтор Боқӣ, сармуҳаррири нашрияи «Нерӯи сухан» ва раиси Бунёди гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони тоҷик, мегӯяд, имрӯз дар саҳнаи матбуот нашрияҳои мустақил вуҷуд доранд, аммо ин расонаҳо аз чоп ва баррасии масоил ва мушкилоти воқеии ҷомеа ҳарос доранд. Ва риояти меъёре чун озодии баён алъон ба як кори зоҳирӣ табдил шудааст.
Мухтор Боқӣ афзуд, «вақте ки рӯзноманигори тоҷик наметавонад доир ба фаъолияти корупсия сухан гӯяд, наметавонад, ки доир ба рафти сиёсати имрӯза сухан гӯяд, вақте ки мо дар саҳифаҳои рӯзномаҳо намебинем, ки масалан чеҳраҳои дигари сиёсӣ сухани худашонро озодона баён кунанд, пас мо чӣ гуна метавонем бигӯем ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон озодии сухан таъмин аст. Вақте мо мурвати телевизионро тоб медиҳем ва мебинем, ки фақат аз тариқи шабакаи якум ва шабакаи дуюм танҳо як чеҳраро мебинем, чеҳраи ошноро, ки пайваста таблиғи ҳамон меравад ва дигар чеҳраҳои сиёсӣ паси парда мемонанд. Ин ҳама далолат аз он мекунад, ки озодии сухан то ба имрӯз зери як назорати шадид қарор дорад ва намегузоранд, ки мардум дар баёни ақидаи худ озод бошанд».
Оқои Боқӣ мӯътақид аст, ки маҳз сарнавишти нашрияҳое чун «Нерӯи сухан», «Рӯзи нав» ва «Оламу одам» масъулони расонаҳои имрӯзаро водор кардааст, ки дар баробари ҳукумат аз анҷоми рисолати аслии худ канор раванд. Вале Исомиддин Салоҳиддинов, мушовири аршади раисиҷумҳурии Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки давлат барои фаъолияти матбуот ва рӯзноманигорон маҳдудият ҷорӣ накардааст. Вай мегӯяд, арзёбии «Хонаи озоди»-ро дар иртибот ба вазъи озодии сухан дар Тоҷикистон наметавонад қабул кунад. Ӯ афзуд, «шояд онҳо аз нуқтаи назари худ нигоҳи худ дуруст бошанд, лекин ман комилан норозӣ ҳастам ва розӣ шуда наметавонам ба он суханҳои таҳқиромезе, ки аз ҷониби масалан бархе аз афроди ҷомеа нисбат ба ҳукумату ҳукуматдорон нисбат ба кормандони ҳукумат гуфта мешаванд ва аз тариқи интернет пахш карда мешаванд. Сардори давлати Тоҷикистон гоҳ-гоҳ дар ҷаласаҳо ҳатман ёдовар мешаванд ва аз рӯзноманигорон даъват мекунанд ва ҳатто аз рӯзноманигороне, ки дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ кор мекунанд даъват мекунанд то проблемаҳоро ҳаматарафа аз нуқтаи назари интиқодӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд, ки ин ба манфиати кор аст».
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи Аҳмадшо Комилзода, аз собиқадорони матбуоти тоҷик, ислоҳи қонун ва махсусан ҷазо пешбинӣ кардан барои таҳқир ва тавҳини шахсияти раиси ҷумҳур худ нишонаи он аст, ки давлат бо ҳар роҳу васила талош мекунад аз густариши озодии баён ҷилавгирӣ кунад. Зеро имтиёзи қонунӣ додан барои фарди алоҳида новобаста аз мақом ва мартабаи ӯ муғойир бо қонуни асосист. Вай афзуд, «аз нигоҳи ахлоқӣ чунин ислоҳоте, ки қабул карданд барои ман қобили қабул нест. Чунки раиси ҷумҳур ҳам дар баробари ин мардум як шахси ин кишвар аст. Агар ки раиси ҷумҳур шуд, пас мардум ҳақ надорад, ки ӯро танқид кунад? Дар ҳоле, ки ҷомеаи хабарнигорӣ чунин аст, ки бояд камбудиҳои ҷомеаро аз ҷумла камбудиҳои ҳукматро, ки пеш аз ҳама ҳукуматҳо камбудиҳои ҷиддӣ зоҳир мекунанд, онҳоро танқид ва мазамат кунад. Бубинед, дар асоси ин қонун мо агар раиси ҷумҳурро танқид кунем ва кори мо ба додгоҳ кашида шавад, додгоҳ муқаррар мекунад, ки мо раиси ҷумҳурро танқид кардем ё таҳқир. Масалан мо агар ӯро интиқод кардем ва мақомоти додгоҳ эълон кунад, ки мо ӯро таҳқир кардаем, мо ҳеҷ коре карда наметавонем. Ва бисёр ба осонӣ метавонанд, ки моро ба зиндон бикашанд»
Дар гузориши «Хонаи Озодӣ» ҳамчунин ин нукта таъкид мешавад, ки давлат шароити фаъолиятро барои расонаҳои расмӣ фароҳам кардааст ва гоҳо ин расонаҳо бо истифода аз салоҳиятҳое, ки доранд садди роҳи фаъолияти расонаҳои мустақил мешаванд. Ва дар ин росто ин созмон муносибати комисиюни литсензионии Кумитаи телевизон ва радиои Тоҷикистонро зикр кардааст, ки бо баҳонаҳое барои шабакаҳи мустақил иҷозаи кор намедиҳанд.
Аммо бо ин ҳама президент Эмомалӣ Раҳмон дар дидори худ бо зиёиёни тоҷик иқрор кард, ки бо ин ҳама сармоягузориҳое, ки давлат анҷом медиҳад дар бозтоб ва инъикоси масоил ва мушкилоти ҷомеа расонаҳои мустақил аз матбуоти расмӣ муваффақтар будаанд.