Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: матбуоти тоҷик аз диди молӣ фоидаовар нест


Ин аст хулосаи таҳқиқи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бораи вазъи иқтисодӣ ва омилҳои нархгузории матбуоти Тоҷикистон, ки зимни як нишасти матбуотӣ дар пойтахти ин кишвар муъаррифӣ гардид.

Муаллифи ин гузориш, коршиноси тоҷик Мирсаид Султонов ҳини муаррифии он дар ҷамъи хабарнигон гуфт, натоиҷи таҳқиқ нишон медиҳад, ки беш аз 90 дарсади рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон бо сабабҳои гарон будани қимати маҳсулоти полиграфӣ ва хизмати чопхонаҳо, андозҳои зиёд ва дигар омилҳо хароҷоти худро бароварда намекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо якчанд рӯзномаи бузургҳаҷми кишвар, аз қабили рӯзномаҳои русизабони «Азия-плюс», «Рекламная газета» ва «Дайджест-пресс», аз назари молӣ даромаднок ҳастанд ва сарчашмаи даромади онҳо аз реклама мебошад.

Дар гузориш омадааст, ки дар байни нашрияҳои давлатӣ, ки аксарияти расонаҳои чопии кишварро ташкил медиҳанд, танҳо ду рӯзнома – «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум», ки бо теъдоди зиёд чоп мешаванд, хароҷоти худро аз ҳисоби фуруши нусхаҳои рӯзнома рӯпуш мекунанд. Боқӣ нашрияҳои давлатӣ аз диди иқтисодӣ фоидаовар нестанд ва танҳо бо кумаки молии давлат фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи муаллифи гузориш, яке аз роҳҳои аслии ҳалли мушкилоти иқтисодӣ барои нашрияҳо ин фаъолсозии ҳамкорӣ бо рекламадиҳандагон ва истифода аз даромади нашри маводдҳои рекламавӣ мебошад. Вале бар асоси ин таҳқиқот , аксари рӯзноманигорони тоҷик то ҳол нақши реклама дар беҳтарсозии вазъи иқтисодии расонаҳои хабариро дарк накардаанд.

Дар гузориш барои беҳсозии вазъи иқтисодии расонаҳои чопӣ ҳалли як қатор масоил, аз ҷумла ташкили вуруди мутамаркизи маҳсулоти полиграфӣ ба кишвар, таҷдиди системи почтаи давлатӣ ва таъмини минтақаҳои кишвар бо дастгоҳҳои чопии офсетӣ тавсия шудааст.

XS
SM
MD
LG