Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шереметово": Пизишкони русро ба назди бемори тоҷик роҳ надодаанд


Акс аз навори шоҳидон
Акс аз навори шоҳидон

Рафтори мақомоти интизомӣ дар фурудгоҳи “Шереметево”-и Маскав хашми мусофиронро барангехт. Бо вуҷуди бад шудани аҳволи як зани бемори тоҷик, ки барои табобат ба Русия рафтааст, мақомот иҷоза надодаанд, пизишкон ӯро сари вақт муоина карда, ба шифохона баранд.

“Ба фикрам, зинда монд”

Аҳволи як зани тоҷик ҳангоми навбатпойӣ дар фурудгоҳи “Шереметево”-и Русия бад шудааст. Ба нақли баъзе аз шоҳидон, зан ба Русия барои табобат рафта буд. Вақте бемориаш хуруҷ кард, дар фурудгоҳ ба ӯ саривақт ёрии пизишкӣ нарасонданд.

Як шоҳиди ҳодиса бо фиристодани навор ба телевизиони “Настояшее Время”, як бахши Радиои Озодӣ, нақл кардааст, ки онҳо пизишконро 20 дақиқа интизор шуданд, аммо дар ниҳоят натавонистанд, ба бемор сузандору гузаронанд.

Ба гуфтаи вай, ба “Ёрии таъҷилӣ” занг заданд, баъди 40 дақиқа омад, аммо маъмурони Хадамоти федеролии Амнияти Русия (ФСБ) иҷоза надоданд, ки онҳо каталка ё рахти хоби тиббиро барои бурдани бемор ба дохил дароранд.

Ба нақли шоҳиди ҳодиса, дар ҳоле ки ҷамъомадагон талоши кумак ва наҷоти занро доштанд, корманди фурудгоҳ як-як номи мусофиронро гирифта, онҳоро тафтиш менамуд ва корро идома медод.

Як шаҳрванди Узбекистон, ки шоҳиди ҳодиса буд, гуфт: “Ман рақами 112-ро гирифта, ба Ёрии таъҷилӣ занг задам. Онҳо гуфтанд, ин дархостро аз минтақаи транзитӣ қабул карда наметавонем, бигзор кормандони тиб дархостро пур кунанд. Баъди се кӯшиш ин корро карданд. Онҳоро бо дастгоҳҳояшон иҷозаи даромадан надоданд. Билохира, занро ба аробаи маъюбӣ шинонданд. Вай каме ба худ омад. Ба фикрам, зинда монд.”

Занро ба бемористон ва шоҳиди ҳодисаро ба зодгоҳаш рондаанд. Ин шаҳрванди Узбекистон мегӯяд, дар Русия тиҷорат ва ҳаққи иқомат дораду ҳамаи ҳуҷҷаташ дуруст аст, вале ӯро ба ин кишвар роҳ надоданд.

Чанд моҳ боз муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Узбекистон барои ворид шудан ба Русия соатҳо дар фурудгоҳи тафтишу бозпурсӣ мешаванд. Чанд муҳоҷири тоҷик бо ирсоли навор аз шароиту муносибати нохуб дар фурудгоҳҳои Маскав шикоят карда буданд.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Табибони русро ба назди бемори тоҷик роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
XS
SM
MD
LG