Дуруд бар шумо,
"Ба назари ман, як рӯзномаи хуб ба монанди як миллат аст, ки бо худаш ҳарф мезанад."
Ин суханро соли 1961 Артур Миллер, рӯзноманигор ва дромнависи барҷастаи омрикоӣ гуфта буд.
Як даҳа баъд аз он ду гузоришгари рӯзномаи Washington Post як ришта мақолот навиштанд, ки бар асари он Ричард Никсон аз курсии раёсати ҷумҳурии Омрико сарнагун шуд. Дар пайи он шукӯҳу уббуҳати рӯзномаҳо пуф карду бузургтар шуд, то Интернет ба сарвақташ расид ва аз ҷоҳу ҷалоли рӯзномаҳо кост. Ин матлабест, ки зеҳни ҷаҳони Ғарбро ин рӯзҳо бисёр машғул дошта ва ба вижа ононеро, ки дастандаркори рӯзномаҳо ҳастанд. Ба андозае, ки маҷаллаи бонуфузи Экономист, чопи Ландан, дар сармақолаи шумораи ахири худ ин занги изтиробро бори дигар барои рӯзномаҳо навохт. Унвони мақола ҳам тарснок аст: "Кӣ рӯзномаро кушт?"
Ин маҷалла аз қудрати такондиҳандаи "ҳукумати чаҳорум" дар гузашта баҳс мекунад, ки метавонист сарнавишти давлатҳоро рақам бизанад ва маҷрои торихро иваз кунад. Аммо ба гуфтаи Экономист, аз миёни ҳамаи расонаҳои қадимӣ рӯзномаҳо ҳастанд, ки беш аз ҳама зери бори сангини Интернет азият мекашанд ва ба эҳтимоли зиёд, ҳамон ҷо ҳам ба торих хоҳанд пайваст.
Бидуни он ҳам шумори харидорони рӯзномаҳо дар Омрико, Урупои Ғарбӣ, Омрикои Лотин, Устролиё ва Зиланди Нав дар ҳоли уфт буд, аммо бо густариши доманаи Интернет ин раванд шитоби бештаре ёфтааст. Филип Мейер, устоди журнолисм дар Донишгоҳи Королинои Шимолии Омрико дар китоби ҷадидаш зери унвони "Рӯзномаи рӯ ба завол" пешбинӣ мекунад, ки дар семоҳаи нахусти соли 2043 вопасин хонанда дар Омрико охирин шумораи як рӯзномаи мучола (ғиҷимшуда)-ро бо малолу хастагии тамом дур андозад ва дигар касе ба фикри харидани рӯзнома ва, мусалламан, чопи рӯзнома науфтад.
Бо имконоте, ки шабакаи ҷаҳонии Интернет фароҳам кардааст, ки ҳам хабару ҳам таҳлили хабарро метавон бо сукуни тамоми ҷисмонӣ бо як фишори дугма рӯи сафҳа оварду хонд, дигар касе замон, энержӣ ва пули худро сарфи коғазе нахоҳад кард, ки ҳамон иттилоъот ё ҳатто иттилоъоти маҳдудтар аз онро ба даст оварад.
Оё фардои рӯзномаи тоҷикӣ ҳам торик аст?
Хуб, ин ҳам аз ояндаи торики рӯзнома дар Ғарб, ки барои шумори зиёде аз рӯзноманигорон низ ба ҳич рӯй хабари хуше нест. Аммо оё ин нигарониҳоро метавон дар ҷомеъаи Тоҷикистон эҳсос кард? Агар на, фосилаи мову инҳо аз куҷо то ба куҷост? Аслан, аз қудрати рӯзномаҳо дар Тоҷикистон чӣ нишоне ҳаст?
Пурсишҳо бисёр аст ва зоҳиран шадидан ниёз дорем ба дӯсти рӯзноманигоре, ки меҳмони Фарҳангу Андешаи мо бошад. Зимнан, ҳамин рӯзҳо ҳафтаномаи Миллат, чопи Душанбе, дар ҳоли таҷлил аз нахустин солрӯзи худ аст. Бо Адолати Мирзо, сардабири Миллат, ҳафтаи гузашта суҳбате доштем дар бораи мавзӯъе комилан дигар, аммо ёдам набуд, ки шодбошаш бигӯям. Пас эҳтимолан, Адолати Мирзо интихоби хубест барои меҳомонӣ дар ин барномаи мо.
Дориюш: Дуруд бар Адолат. Яксолагии "Миллат" хуҷаста бод. Ҳоло ин тифли кӯчак чи тур аст?
Адолат: Хуб аст. бад нест. Мо фикр мекунем, боъиси саъодати мо ҳаст, ки мо тавонистем умри яксола бибинем, тавонистем дар холигоҳи матбуъоти тоҷик фазои иттилоъотиро пур кунем, тавонистем хеле аз зеҳнҳоро машғули андешаи миллӣ, баҳс ва гуфтани ақидаҳои гуногун кунем. Агар то ҷое муваффақ шудем, боъиси саъодату сарбаландии мост. Агарчи шояд хеле аз корҳоро натавонистем анҷом диҳем.
Дориюш: Як нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки дар ҳоле ки Миллат дар Тоҷикистон яксола мешавад, дар ҷаҳони Ғарб рӯзномаҳои садсола доранд мемиранд ва рӯзномаҳои ҷадид нудратан пайдо мешаванд, то ҷои холии онҳоро пур кунанд. Хуб, ҷаҳон дар ҳоли иваз шудан ҳаст ва Интернет ҳаст, ки аз тариқи он мешавад хабарҳоро, ва на танҳо хабарҳо, балки таҳлилҳои сиёсию фарҳангию иҷтимоъиву... ҳамаро он ҷо пайдо кард, хонд, тамошо кард ва шунид. Интернет як василаи чандрасонаӣ аст, ки ҷои рӯзномаро дар Ғарб маҳдуд кардааст. Оё ин нигаронӣ дар шумо ҳаст, ки ба зудӣ бисоти рӯзномаҳо дар Тоҷикистон ҳам барчида шавад?
Адолат: На. Ҳанӯз дар Тоҷикистон ҳатто рӯзнома-интернет ба вуҷуд наомадааст. Миллат тасмим гирифтааст нахустин рӯзнома-интернетро ба забони тоҷикӣ дар рӯзҳои наздик роҳандозӣ кунад. Дигар ин ки мардум дар кишвари мо ҳанӯз мушкили барқ доранд. Аз ин рӯ, рӯзнома метавонад ҷойгоҳашро нигаҳ дорад. Чаро намегӯям, ки нигоҳ доштааст? Чаро ки имрӯз дар Тоҷикистон мисли замони шӯравӣ нашрияҳо дигар ҳудуди сад ҳазор тирож надоранд. Нашрияҳои Тоҷикистон ҳадди аксар ҳудуди 28 ҳазор тирож дорад, ки инҳо ҳам нашрияҳои ҳукуматӣ ҳаст ва бо роҳи обунаи иҷборӣ ба фурӯш меравад.
Дориюш: Гуфтӣ, рӯзномаи Миллат мехоҳад як рӯзнома-интернет роҳ биандозад. Оё ҳамвор кардани ин роҳ, яъне роҳ ёфтан ба Интернет, барои рӯзномаи Миллат чоҳе ҳам нахоҳад канд? Нашрияи коғазии Миллат аз байн нахоҳад рафт дар оянда?
Адолат: Дар ояндаи наздик на.
Дориюш: Кай?
Адолат: Дар Тоҷикистон шояд тайи беш аз як даҳсолаи дигар ҷойгоҳи нашрия тағйир накунад. Ва ҳоло мебинем, ки шумори матбуъоти тоҷикӣ хеле зиёд шудааст...
Дориюш: Бале, вале оё аз издиёд ё бештар шудани шумори нашрияҳо дар Тоҷикистон суде ҳаст? Ин нашрияҳо чи кор мекунанд? Оё воқеъан ҳам "ҳукумати чаҳорум" ҳастанд? Қудрат доранд? Чизеро иваз мекунанд ё, ба истилоҳ, боду ҳавои Тоҷикистонро таъйин мекунанд?
Адолат: На, мутаассифона, матбуъоти Тоҷикистон бештар ҷанбаи тиҷорӣ дорад. Яъне бо ҳадафи ба даст овардани суди молӣ рӯи кор омада ва бештар саргармкунанда аст. Ман фикр мекунам яке аз далоили гирифтории ҷомеъаи Тоҷикистон дар ин тангно мавҷудияти матбуъоти камҳунар аст.
Дориюш: Ҳамин ҳарфҳоро дар мавриди Миллат ҳам метавон гуфт?
Адолат: Миллат... Мо омадем, ки дар ҷомеъа таҳаввули фикрӣ кунем. Яъне мо ба хотири он омадем, ки дар ҷомеъа инқилоби фикрӣ кунем. Мо омадем, то ҳамин қолаберо, ки матбуъоти шахшуда ҷорӣ карда буд, бишканем. Ҳоло дар ин як сол то куҷо муваффақ шудем ё нашудем, худи мардум довар аст.
Дориюш: Худи шумо чи эҳсосе доред, ки то куҷо ин қолибҳо тавассути Миллат шикаста шуда?
Адолат: Вақте мебинем, ки нашрияҳои саргармкунанда дар пайи Миллат ба мавзӯъҳои мо мепардозанд, пас метавон гуфт, ки тавонистаем ҷараёнро аз ин қолаб берун бирезем.
Ва аммо ба дигар матолиби Фарҳангу Андешаи ин ҳафта баъдан боз хоҳем гашт.
То он ҳангом мувозиби худатон бошед ва падруд.
PS.: Агар дар бораи мавзӯъи ин сафҳа назаре доред, лутфан бо мо дар миён бигзоред: tajik@rferl.org