Ғолибони ин ҷойиза рӯзи 19-уми ноябр дар шаҳри Женева, пойтахти Швейтсария эълон шуданд. Созмондиҳандагон гуфтанд, Холиқназаров ва Порсӣ ҳифзи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон ва Афғонистон ба рисолати ҳаёти худ табдил доданд.
Ин ду нафар "бо вуҷуди кор дар муҳити саркӯбгарона, ҷасорати истисноӣ ва қатъият нишон доданд ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузоштанд".
Жоля Порсӣ, як омӯзгор аз шаҳри Кобул аст, ки борҳо алайҳи маҳдудиятҳои ҷорикардаи Толибон болои занон эътиро кард. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумати Толибон ба Парсӣ иҷозаи сафар ба Швейтсария медиҳад ё не.
Манучеҳр Холиқназаров, раиси Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, дар моҳи майи соли 2022 ва дар пайи эътирози сокинон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгир шуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9-уми декабри соли 2022 Манучеҳр Холиқназаровро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ паси дарҳои баста ба 16 сол зиндон маҳкум кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳукмро беасос донистанд.