Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Шеваҳои нави мубориза бо терроризм зарур аст. ВИДЕО


Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқоташ бо раҳбарони хадамоти маҳсуси кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ рӯзи 19 декабр ба ҷустуҷӯи шеваҳои нави мубориза бо терроризм ва таҳдидҳои ифротгароӣ даъват кард.

Дар ин мулоқот дар баробари дигар раҳбарон, Саймӯъмин Ятимов, раҳбари Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам ҳузур дошт. Путин аз ҳозирин ташаккур кард, ки дар амри мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ба

Шумори ҷинояткорон дар миёни муҳоҷирони корӣ ва туристҳо зиёд мешавад. А.Бортников

Русия ва тамоми кишварҳои узви Муштарак-ул-Манофеъ ҳамкории ҳамаҷониба нишон медиҳанд. Дар нишаст таъкид шуд, ки таҳдиди аслӣ ба кишварҳои минтақа аз созмонҳои террористии фаъол дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ бармехезад. Баъди шикаст ёфтани террористон дар Сурия, ба қавли Путин, онҳо ба гурӯҳҳои хурдтаре тақсим шуда тағйири макон мекунанд:

“Мо бояд аз ҷараёни таҳаввулот дар ҷаҳон бо таваҷҷӯҳи тамом мушоҳида кунем. Вазъият шиддат мегирад. Мо бояд бидонем, ки террористони аз Сурия фироркарда ба куҷо ҳаракат мекунанд”, гуфт Путин ва ба зарурати ҳамкории зичи сохторҳои амниятии кишварҳои узви СНГ таъкид кард.

Путин ба Саймӯъмин Ятимов ва ҳамкоронаш чӣ гуфт?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Афғонистон - макони таҷаммӯи аслии ДИИШиҳо

Сохторҳои амниятӣ мегӯянд, ки дар ҷангҳои зери назари ДИИШ дар Сурияву Ироқ на камтар аз 10 ҳазор шаҳрванди кишварҳои собиқи Шӯравӣ иштирок карданд ва баъди шикасти ин гурӯҳ дар Ховари Миёна, боқимондаҳои онҳо талош мекунанд ё ба ватани худ баргарданд ваё дар қаламравҳои дигар фаъолияти тахрибкоронаи худро идома диҳанд. Тоҷикистон дар гузашта гуфтааст, ки шумори тоҷикони ширкатдори ҷангҳои хориҷӣ 1100 нафар мебошад.

Хабарнигори телевизиони 1tv.ru шоми 19 декабр гуфт, пеш аз мулоқоти Путин бо раҳбарони сохторҳои амниятӣ раҳбари ФСБ – Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников дар як изҳороташ Афғонистонро макони аслии таҷаммӯи террористон номид. Вай гуфт, ки ба қаламрави ин кишвари ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ гурӯҳҳои марбут ба ДИИШ роҳ меёбанд ва бо истифода аз визаҳои осон ва убуру мурури бемушкил ба қаламрави кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ роҳ меёбанд. Бортников дар ин изҳороташ гуфт, ки “шумори ҷинояткорон дар миёни муҳоҷирони корӣ ва туристҳо зиёд мешавад”.

Русия мегӯяд, ки дар як соли гузашта хадамоти вижаи Русия дар марзҳои СНГ 20 ҳазор гумонбарони терроризмро таҳти назорат қарор доданд. Бортников инчунин гуфтааст, ки аз кори 11 шабакаи интиқоли зархаридҳо аз СНГ ба Сурия ҷилавгирӣ шуд.

"Ҷиҳоди инфиродӣ"?

Дар мулоқоти Путину раҳбарони хадамоти вижаи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ намояндагони ин сохторҳо аз Олмон, Испания, Итолиё, Сербистон ва Фаронса ҳам иштирок карданд.

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ки ҳодисаҳои дар қаламрави ин кишвар рух додани ҳодисаҳои террористӣ ё ошкор шудани гурӯҳҳои гумонбар дар анҷоми амалиёти террористӣ собит мекунад, ки гурӯҳҳои марбут ба ДИИШ ба амалиёти, ба истилоҳ, «ҷиҳоди инфиродӣ» даст мезананд. Яке аз намунаҳои он, ба гуфтаи Путин, боздошти гурӯҳи сенафараи гумонбарон дар таҳияи нақшаи амалиёти террористӣ буд, ки аз фаъолияти он ҷилавгирӣ шуд.

Путин аз ҳамкории Русия ва Хадамоти марказии иктишофи ИМА ва сӯҳбаташ бо президент Доналд Трамп ёдовар шуд ва гуфт, ки бар асоси маълумоти ҳамин хадамот аз вуқӯи ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Қазони шаҳри Санкт-Петербург ҷилавгирӣ шуд.

Дараки Фирӯз Каравулов дар Тоҷикистон пайдо нашуд

Зимнан, мақомоти Русия гуфтанд, ки як узви гурӯҳи ҷиноии мазкур шаҳрванди Тоҷикистон бо исми Фирӯз Каравулов аст. Баъди пахши ин хабар рӯзи 17 декабр то ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дар бораи ҳуввияти чунин як шахс иттилое надоранд.

Бархе коршиносон мегӯянд, солҳои охир дар кишварҳои ҳамкори Русия мавзӯи амният ва тақвияти тадбирҳои амниятӣ боло мегирад, вале дар талоши ҷилавгиргирӣ аз терроризму ифротгароӣ меъёрҳои мисли ҳуқуқи башар ва риояи қонун поймол мешавад.

Мунаққидон мегӯянд, ҳолатҳои боздошту ба муҷозот кашида шудани муҳоҷирони корӣ дар Русия бо гумони даст доштан дар терроризм бисёр вақт суолбарангез аст ва дар сурати набуди шаффофият ва таъмини адолати судӣ, собит кардани гуноҳи як муҳоҷири корӣ дар ҷинояти сангин номумкин мешавад. Бисёр вақт мубориза бо терроризм баҳонаи тақвияти назорат аз фаъолияти озоди аъзои ҷомеа сӯиистифода мешавад, мегӯянд мунаққидон.

Созмони СНГ ё Муштарак-ул-Манофеъ аз собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ иборат буда, ба узвияии он се ҷумҳурии Назди Балтик ва Гурҷистон шомил намешаванд. Ин созмонро коршиносон як ниҳоди сиёсии таъинкунандаи сиёсати Русия ҳам меноманд, ки барои ҳамоҳангсозии барномаву стратегияи сиёсии кор дар қаламрави собиқи Шӯравӣ амал мекунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG