Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадгумониҳои баъд аз таркиши Бағлон


Пайвандони вакили кушташудаи порлумони Афғонистон дар сӯги азизи худ. Кобул, 7 ноябри соли 2007.
Пайвандони вакили кушташудаи порлумони Афғонистон дар сӯги азизи худ. Кобул, 7 ноябри соли 2007.

Сӯиқасд ба ҷони вакилони порлумони Афғонистон дар вилояти Бағлон шимоли кишварро ноором ва шубҳаву тардидҳои ҷомеаро ба авҷ расонд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар сӯгвории кушташудагони ҳамлаи худкушонаи Бағлон се рӯзи мотами миллӣ эълон кард. Вай шахсан ба фурудгоҳи Кобул омад, то тобутҳои парчампӯши вакилони порлумонро, ки дар ин таркиш ба ҳалокат расиданд, пешвоз бигирад.

Ба навои мусиқии ҳузнангез ва ҳамоҳанг бо қадамҳои оҳистаи сафи афсарон, тобутҳоро аз раҳрави қолинҳои арғувонӣ рӯ-рӯи ҳазорон даст аз чархболҳо гирифтанд. Карзай, ки як зоҳири парешону ғамзада дошт, гуфт, "душманони Афғонистон, ҳар касе ки бошанд, бояд бидонанд, ин сарзамин ба онҳо тан нахоҳад дод."

Ҳанӯз ин хиёбон пур аз кӯлмакҳои хун, пойафзоли атфол ва гулдастаҳои сӯхта аст...
Тибқи охирин хабарҳо, шумораи кушташудагони инфиҷори Бағлон ба шаст нафар расида, ин марговартарин ҳамлаи интиҳорӣ дар таърихи навтарини Афғонистон номида мешавад. Дар он шаш узви маҷлиси қонунгузори ин кишвар ва даҳҳо кӯдаке, ки вакилонро дар даромадгоҳи корхонаи нави қаннодии Пуличархӣ пешвоз мегирифтанд, кушта шуданд. Шоҳидон аз ҷойи воқеъа мегӯянд, то ҳанӯз ин хиёбон пур аз кӯлмакҳои хун, пойафзоли атфол, порчаҳои либос ва гулдастаҳои сӯхта аст. Падарони қоматшикаста, занону наврасон ба дубмоли пайвандони бенишоншудаи худ паси буттаву даруни ҷӯйборҳоро мекованд ва муфаттишони давлат ҷойи ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Дар оғоз, бо сабаби он ки бархе аз қурбониёни ҳодиса захми тир доштанд, шубҳаи ҳамлаи мусаллаҳона дар миён буд, аммо пажӯҳишгарон рӯшан кардаанд, ки баъд аз таркиш муҳофизон ба тирпаронии пароканда шурӯъ кардаанд ва чандин нафар аз ин захмӣ гаштаанд.

Тафсилоти ҳодисаро яке аз шоҳидони он, Саидашраф Гавҳарӣ, мушовири вакили порлумон Мустафо Козимӣ ин гуна ҳикоят мекунад: "Мо дар қариб 50 мошин ба Қундуз равон будем ва дар рҳо мебоист аз корхонаи нави қаннодии Бағлон дидан мекардем. Дар сари роҳ афтол ва ришсафед аз корвони давлатӣ истиқбол мекарданд. Мо миёда шудем ва бе тарафи корхона мерафтедм, ки як таркиши қавӣ садо дод ва мо маҷбур шудем, худро дар паси дарахтон пинҳон кунем. Вақте шоки равонӣ каме гузашт ва ба ҷои ҳодиса рафтем, дидем, ки вакил соҳиб Козимӣ ва чанд нафари дигар ба ҷумлаи муҳофизонашон шаҳид шудаанд. Кӯдакон низ ва атроф пур аз захмиён буд..."

Саид Мустафо Козимӣ, вакили саршиноси порлумон ва аз раҳбарони ҳазораҳои шиъамазҳаби Афғонистон як моҳ пеш аз ҳодиса.
Шумораи захмиёни ин ҳодиса то сад нафар мерасад ва дар нахустин қадам ситезаҷӯёни толиб гумонбари ин таркиши худкушона дониста шуданд, аз он ҷо ки онҳо аз аввали сол то ҳоло дар Афғонистон 130 ҳамлаи интиҳорӣ анҷом додаанд. Вале ба зудӣ яке аз сухангӯёни ҷунбиши Толибон баёния дод ва гуфт, Толибон дар ин ҳодиса даст надоранд. Бо вуҷуди ин бархе аз нозирон Толибҳоро масъули ҳамла медонанд, аммо вакили порлумон аз вилояти Бағлон, Ноҷия Аймоқ мегӯяд: "Ахиран вазъи амниятӣ дар вилояти Бағлон рӯз ба рӯз бадтар мешуд ва дархостҳои мо аз ҳукумат натиҷае намедод. Чандин қатлу куштор ба амал омад ва мардуми бисёре аз рустоҳои Бағлон дубора маусаллаҳ шуданд, мо дар ин бора изҳори нигаронӣ мекардем, вале касе ба ҳарфи мо гӯш намедод. Ҳоло чунин як ҳодисаи мудҳиш ба амал омад. Намедонам, ин кори толиб аст ва ё мардуми худи Бағлон."

Бархе аз нозирони маҳаллӣ дар Кобул мегӯянд, ҳадафи аслии ин таркиш аз байн бурдани Мустафо Козимӣ, узви саршиноси маҷлис ва яке аз пешвоёни мардуми ҳазора буд. Ахиран Козимӣ бо суръат эътибори бештаре касб мекард ва ҳадс зада мешуд, ки вай метавонад, президенти ояндаи Афғонистон бошад. Аммо Аҳмад Сейир, таҳлилгари Ассошиейтед Пресс мегӯяд, бо вуҷуди оромии нисбии зоҳирӣ дар Бағлон ахиран ташаннуҷ миёни раҳбарияти тоҷиктабори он ва боқимондаҳои Ҳизби исломии Гулбиддини Ҳикматёр то рафт авҷ мегирифт. Вале қабл аз ин аҳолии Бағлон бо чандин тазоҳурот тавониста буд, як раҳбари узбактабори вилоятро аз мақомаш барканор кунад. Шоиб Наҷафизода, таҳлилгари хабаргузории Франс-Пресс менависад, аз рӯи шеваи иҷро ҳамлаи интиҳории Бағлон бештар ба шабакаи Ал-Қоъида ишора мекунад, то ба мухолифатҳои дохилӣ ё маҳаллӣ.

XS
SM
MD
LG