Шоҳидони ҳол гуфтаанд, ҳангоми таркиш Фармондеҳи горди миллӣ дар дохили мошин набудааст.
Ин таркиш дар рӯзи таътил – шанбе сар зада, ҳеҷ талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Худойназар Асоев, сухангӯи Вазорати умури дохила ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол аз ин ҳодиса ба онҳо иттилое нарасидааст ва ӯ ин хабарро таъйид ва ё такзиб накард. То кунун, мақомоти амниятии кишвар дар робита ба ин ҳодиса ҳеҷ гуна иттилоъи расмӣ пахш накардаанд.
Аммо як манбаъи наздик ба Вазорати умури дохила, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, сабабҳои инфиҷор ҳанӯз рӯшан нест ва феълан, гурӯҳҳои махсуси Кумитаи амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохила омилҳои рух додани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Ба қавли манбаъ, инфиҷор замоне сар задааст, ки сабукрави тамғаи «Nissan-Maxima» андаруни гараж, воқеъ дар наздикии манзили зисти генерал дар қисмати ҷанубии Душанбе, буд.
Раҷабалӣ Раҳмоналиев авохири моҳи январи соли 2004 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи фармондеҳии Горди миллии кишвар таъин шуд . То ин вақт Раҳмоналиев ҳашт сол қумандони як фирқаи махсуси низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон буд. То замони ӯ Горди президентиро генерал-лейтенанти зиндонӣ Ғаффор Мирзоев фармондеҳӣ мекард.