Давлат Назрӣ, сарвари раёсати иттилоъи вазорат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сару садоҳо дар бораи лағв шудани сафари низомии воломақоми амрикоиро рад кард ва гуфт, мулоқоти адмирал Фаллон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Қаблан, вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дода буд, фармондеҳи ҳайъати фармондеҳии Амрико 31 октябр барои сафари дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Дар баёнияи вазорат омада буд, ки “ин дуввумин сафари низомии воломақом ба Тоҷикистон дар ним соли ахир аст” – дафъаи гузашта ӯ моҳи июн бо раҳбарони вазоратҳои қудратии Тоҷикистон масоили марбут ба амнияти Осиёи Марказӣ ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карда буд.
Ва аммо манбаъҳои наздик ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки сафари Вилям Фаллон на ду рӯз, тавре пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд, балки ҳамагӣ чанд соат идома хоҳад кард – баъди мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон адмирали амрикоӣ Тоҷикистонро тарк хоҳад гуфт.
Дар ҳамин ҳол, аксари манбаъҳо, аз ҷумла, дар Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар робита ба таъхири сафари адмирал Вилям Фаллон, коҳиш ёфтани тули сафари ӯ ва мавзӯъи гуфтугӯяш бо раисҷумҳур изҳори беиттилоъӣ кардаанд. Як манбаъ дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни ифшои номаш гуфт, мавқуф мондани сафари низомии воломақоми Иёлоти Муттаҳида бо барномаи шадиди кории раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ахир бастагӣ дорад.
Коршиносон мегӯянд, ки норушанӣ дар сабабҳои таъхири сафари афсари воломақоми амрикоӣ ба Тоҷикистон ва коҳиши тӯли боздиди ӯ аз кишвар шояд ба он бастагӣ дорад, ки Вошингтон дар лаҳзаи ахир бо сабабҳои “техникӣ” барномаи сафари адмирал Фаллон ба Тоҷикистонро тағйир додааст.
Ва аммо иддае аз коршиносон ҳадс мезананд, ки мақомоти Тоҷикистон шояд бо машварат ва ҳидояти Маскав ба мавқуф гузоштани сафари адмирал Фаллон иқдом кардаанд, зеро моҳҳои ахир Русия аз ҳамкориҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико, сафари низомиёни волмақоми Пентагон ба минтақа ва имкони тақвияти ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои осиёии шӯравии собиқ сахт нигарон аст.
Павел Фелгенгауер – коршиноси масоили низомии рус мегӯяд, Тоҷикистон ҳоло аз вазорати дифоъи Русия теъдоди бузурги силоҳу техникаи низомии ройгон мегирад – тибқи ҳисобу китоби вазорат ба маблағи 400 миллион долар, ҳарчанд ин силоҳу техникаи нав нест ва ҳисобу китобро низ наметавон дақиқ номид. Ва аз ин рӯ вазорати дифоъи Русия метавонад ба тоҷикон фишор биёварад.
Русия вақтҳои ахир барои тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон талош мекунад. Айни ҳол дар ду кишвари минтақа – Қирғизистон ва Тоҷикистон пойгоҳҳои низомии Русия мустақаранд.