Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб ва Русия: шарикон ва ё рақибон?


Владимир Путин ва Ҷорҷ Даблю Буш дар Кеннебанкпорт, тобистони соли 2007
Владимир Путин ва Ҷорҷ Даблю Буш дар Кеннебанкпорт, тобистони соли 2007

Нашрияҳои Иёлоти Муттаҳида менависанд, президенти Русия Владимир Путин дар нишасти сарони Иттиҳоди Аврупо ва Русия дар Португалия бартарии тамомро дар даст дошт. Вай аз дастовардҳои кишвари худ ва равобити он бо Аврупо ситоиш мекард ва дар пасманзари вазъи умумии ин робитаҳо сӯҳбат аз он шурӯъ шудааст, ки бо қомат кашидани дубораи Русия муносибати Ғарб бо он бояд чигуна бошад.

Сиёсатшиносон ҳамчунин аз он баҳс мекунанд, ки ба чи иллат, дар муносибтаи Вошингтон ба Маскав як ҳолати эҳтиёту нармиш падидор гаштааст. Онҳо мегӯянд, Русия барои Ғарб аз як шарики стротежӣ ба як рақиб мубаддал мегардад ва ба ин хотир ҳам дар доираҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳида баҳси бархӯрди нав бо Русияи нав шурӯъ шудааст. Ва пурсише матраҳ аст, ки оё сардии миёни Иёлоти Муттаҳида ва Русия нишонаи чанги Нави Сард бо Маскав аст ва ё Вошингтон мехоҳад, фазоро нармтар кунад? Гуфта мешавад, ин баҳс аз суҳбатҳои ахири вазири дифои Амрико Роберт Гейтс фурӯзонтар шуд. Вай таъкид бар он дошт ки Русия муттаҳиди стротежӣ боқӣ мемонад ва баъзе кӯшишҳои Русияро ҳамчун намунаҳои созанда ситоиш кард: "Ба назари ман, мо бояд мо ба Русия ҳамчун муттаҳиди стротежиамон бархӯрд кунем. Мо бояд ба ҳамкориамон дар ҳамаи бахшҳои имконпазир идома диҳем. Ва мо бояд кӯшиш кунем дар бахшҳое ки мо ихтилофи назар дорем мавқеи худро ба ҷониби русӣ тарғиб кунем.”

Ҳомиёни ҳуқуқи башар пайваста раисичумҳури Русия Владимир Путинро муттаҳам мекунанд, ки аз арзишҳои демократия рўй гардондааст, аммо Роберт Гейтс кӯшиш кард, ин иттиҳомро низ нармтар кунад. Вай гуфт интизори тағйирҳои аслӣ дар роҳи ислоҳоти демократӣ ва озодӣ дар Русия аст ва аммо афзуд, ин раванд ба вақт ниёз дорад. Изҳороти Вошингтонро дар бораи имкони ба таъхир гузоштани истиқрори системаи дифоъи зиддимушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех шореҳон ҳамчун кушиши ҳукумати Буш ба созише бо Русия арзёбӣ мекунанд. Мақомоти Маскав мухолифи сипари зиддимушакӣ дар Аврупоанд ва онро таҳдиди асли ба амнияти кишвари худ хондаанд.

Суханони Гейтс аз изҳороти муовини раисичумҳури Амрико Дик Чейнӣ, ки дар моҳи маи соли 2006 дар пойтахти Литвониё -- Вилнюс сад дода буд ба таври ошкор фарқ мекунанд. Он замон Чейнӣ Путинро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонаш ба боди танқид кашида, ҳушдор дода буд Русия аз истифодаи захираҳои манобеъи энержиаш барои тарсондан ва таҳдиди дигар кишварҳо худдори кунад. Тағийри бархӯрд аз идомаи баҳсҳо миёни мақомдорони баландрутба дар ҳукумати Буш шаҳодат медиҳад. Таҳлилгарон мегӯянд Чейнӣ тарафдори бархӯрди сахтгирона бо Русия аст, ин дар ҳолест ки Роберт Гейтс ва вазири корҳои хориҷӣ Кондолиза Райс ба сабурӣ ва идомаи ҳамкориҳо даъват мекунанд. Ба назар мерасад, ки дар айни ҳол мавқеъи Гейтс ва Райс пирӯз шудааст. Чарлз Купчан, узви аршади Шӯрои равобити байналмилалии Амрико мегӯяд:

"Иёлоти Муттаҳида ҳис мекунад ки ҳоло бояд мусолиҳатомез бошад. Амрико ба ҳамкории Русия ба хусус дар масъалаҳои Эрон ва Косово ва дигар мавзуъҳо ниёз дорад. Ба ҳамин хотир беҳбуди муносибот бо Русия муҳим аст ва бо ин сабаб Гейтс ва Райс роҳҳоро ба Москав ҳамвор мекунанд. Ва инак ин шарҳ медиҳад чаро Гейтс ин изҳороти худро кард ва ба назар мерасад ки ў мехоҳад оҳиста муносиботро бо Кремл беҳбуд бахшад."

Бо вуҷуди ин дар марказҳои пажӯҳишии Амрико баҳсҳо дар бораи роҳҳои бархӯрд ба нерӯи афзояндаи автократии Русия идома доранд. Коршиносон мегӯянд, эҳтиёҷ ба ҳамкории Русия дар масъалаҳои асосӣ аз нигарониҳои вазъи демократия дар Русия дида бартарии бештар пайдо кардаанд. Вале идомаи бархӯрди феълӣ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки низоми бавуҷудовардаи Путин то куҷо бақодор хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG