Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон


Мақомоти амрикоӣ таҳримҳои нави худро муҷозоти Эрон барои фурӯши мушакҳо ва ҷоҳталабиҳои ҳастаии ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Дар нишасти матбуотии рӯзи 25 октябр дар Вашингтон, вазири хориҷа Кондолиза Райс ва вазири молия Ҳенри Паулсон гуфтанд, ки таҳримоти мазкур вазорати дифоъ, Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва ҳамчунин як идда бонкҳоеро дар назар мегирад, ки эҳтимол меравад, дар пуштибонӣ аз терроризм дар Ироқ ва дигар нуқоти Ховари Миёна, фурӯши мушакҳо ва фаъолиятҳои ҳастаӣ даст доранд. Кондолиза Райс гуфт: "Мутаассифона, ҳукумати Эрон пешниҳоди моро барои ташкили музокироти ошкоро пайваста рад карда, бар ивази он бо пайгирии фанновариҳои ҳастаӣ - ба сулҳу амният таҳдид мекунад, ки ин боиси эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ва силоҳҳои пурхатари баллистикӣ мешавад, ин кишвар пуштибонӣ аз ҷангиёни шиа дар Ироқ ва террористонро дар Ироқу Афғонистону Лубнон ва манотиқи фаластинӣ идома медиҳад".

Нашрияҳои мӯътабари амрикоӣ - "Вашингтон пост" ва "Ню Йорк Таймс" рӯи панҷшанбе навиштанд, ки ин барои нахустин бор аст¸ ки Амрико талоши дар инзиво гузоштан ва муҷозот кардани нирӯҳои низомии як кишвари хориҷиро мекунад ва ин таҳримот ҳамчун бузургтарин таҳрими ИМ алайҳи Теҳрон баъди қатъи равобити дипломатии миёни ин ду кишвар дар соли 1979 шинохта мешавад. Кандализа Райс рӯзи панҷшанбе гуфт, ки тадбирҳои андешидашуда ба хотири ирсоли паёми ҷиддӣ ба Эрон аст, то ки бидонад, ки подоши сарсахтиҳои Теҳрон чӣ андоза баланд аст.

Дирӯз дар ин замина, дар ҷараёни мулоқоташ бо аъзои Кумитаи умури хориҷаи Конгресси Амрико вай гуфт, ки "барои манофеи амниятии ИМА дар Ховари Миёна сиёсатҳои Эрон шояд танҳо чолиши бузург мебошад, чунки омезиши чанд мушкил, мисли терроризми Эрон, таъқибҳои дохилӣ дар ин кишвар ва дунболи фанновариҳои ҳастаӣ гаштани ин кишвар, ки дар ниҳояти амр ба соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шудани Теҳрон сабаб мешавад, як таркиби мурраккаб ва хатарнок аст". Бо ин ҳама, Кондолиза Райз дар муроҷита ба мардуми Эрон гуфт:

"Мо дар Иёлоти Муттаҳида бо шумо низоъ намекунем. Мо мехоҳем, ки ба шумо ҳама имкони рушд, шукуфоӣ ва ҳифзи обурӯ, аз ҷумла бо роҳи истифодаи сулҳомези нирӯи ҳастаиро фароҳам оварем. Аз ин рӯ, мо умедворем, ки ҳукумати шумо роҳи ҳамкориеро, ки аз ҷониби мову ҷомеи байналмилалӣ пешниҳод мешавад, пеш хоҳад гирифт".

Мақомоти ИМ мегӯянд, ки таҳримҳои нави Амрико Сипоҳи подорон ва ҳама гурӯҳҳои шомил ба бизнес бо ин нирӯҳоро дар дохилу хориҷи Эрон дар бар мегирад. Ҳамакнун, барои шаҳрвандони Амрико ва ширкатҳои хусусӣ ҳамкорӣ бо ширкату сохторҳои эронӣ манъ аст, чунки акнун ин маънои ҳамкорӣ бо Сипоҳи посдорони инқилобро хоҳад дошт, гуфт Райс. Тадбири мазкур садҳо ширкатҳои хориҷиро таҳти таҳсир мегузорад, мегӯянд мақомоти амрикоӣ.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон 125 ҳазор узв дошта, аз муҳимтарин бахшҳои артиши Ҷумҳурии исломӣ ба шумор меравад. Ин нирӯҳо бахши муҳими иқтисоди ин кишвар, ширкатҳои сохтмонӣ, саноат, аз ҷумла саноати дорусозӣ, риштаи мухобирот ва тиҷорати маъмулии ин кишварро зери назорат дорад. "Вашингтон пост" ба нақли қавл аз мақомоти амрикойӣ мегӯяд, ки ин нирӯҳо инчунин бо ширкатҳои тавлидкунандаи силоҳи ҳастаӣ ҳам сару кор мегирад. Расул Нафисӣ, як коршиноси эронии муқими Вашингтон мегӯяд, ки Сипоҳи посдорон чун ҷузви муҳими тасмимигириҳои сиёсии ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ, баъди инқилоби соли 1979 аз ҳисоби гурӯҳҳои мухталифи террористиву ғайритеррористие созмон дода шудааст, ки дар амалиёти зидди шоҳ иштирок кардаанд.

"Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ масъули ҳимоят аз арзишҳои инқилоб, ба забони дигар - масъули ҳимоят аз режими Эрон мебошад. Аз ин рӯ, ин ташаккул дар ҳама сохторҳо, аз вазорати иттилоот сар карда то низоми додгустарӣ нафарони худро дорад. Ва албатта, Сипоҳи Қудси онҳо ҳам узви ин созмон аст, ки дар беруни кишвар чандон шинохташуда нест. Сипоҳи Қудс, ки эҳтимолан ҳудуди як ҳазор узв дорад, тибқи гузоришҳо, дар амалиётҳои пуштибонӣ аз Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳатто Ҳамос даст дорад аст ва аз ҷангиёни ироқӣ ҳам пуштибонӣ мекунад. Тибқи гузоришҳо, артиши Қудс ба ин гурӯҳҳо ҳам кӯмаки молӣ ва ҳам омӯзиширо пешкаш мекунад. Ва агар шумо роҷеъ ба нақши сипоҳи Қудс дар Ховари Миёна фикр кунед, аҳамияти Сипоҳи посдоронро дар минтақа дарк хоҳед кард. Сипоҳи посдорон дар минтақа чун як зуҳуроти муҳим дар роҳи тадбиқсозии идеоложӣ ва хостҳои раҳбарони ҷумҳурии исломӣ арзи ҳастӣ кардааст".

Маъмурияти Буш мегӯяд, ки эъломи бастаи таҳримҳои шадид алайҳи Эрон намоишгари тааҳҳуди ИМ ба дипломатия мебошад, ҳарчанд берун аз Кохи Сафед нирӯҳои муҳофизакори нав ба зарурати амалиёти низомӣ алайҳи Эрон пофишорӣ доранд. Дар сӯҳбатҳои рӯзи якшанбеи худ, муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ Теҳронро ҳушдор дод, ки дар сурати бетағйир мондани ҷоҳталабиҳои пархошҷӯёнаи Эрон, Амрико ва дигар бахшҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ сокит нахоҳанд буд.


XS
SM
MD
LG