Дӯстони арҷманд!
Наздик ба ҳазор нафари шумо бо ирсоли дархостнома ва нишонии почтаи худ аз мо китоби "Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум"-ро дарёфт кардаанд. Вале агар номи ин китоб ва ин ташаббуси мо ба шумо ношинос аст, лутфан ин матнро то охир бихонед, ҳама чиз рӯшан мешавад. Ҳоло дар хазинаи мо охирин нусхаҳои китоб боқӣ мондаанд ва тадриҷан ба онҳое, ки аз сомонаи собиқи мо дар бораи китоб маълумот гирифта, ба мо муроҷиат мекунанд, фиристода мешавад. Агар Шумо ҳам мехоҳед, китоби ғайриоддиеро, ки бар пояи барномаҳои радиоӣ аз таърихи душвор ва пурмоҷарои тоҷикон омода шудааст, дастрас кунед, лутфан бо нишонҳои электронии tajik@rferl.org ва Aioubovs@rferl.org ба мо муроҷиат кунед.
Чанд сол пеш Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ китобе ба нашр расонд, ки бархе аз мавзӯъҳои сарнавиштсози таърихи тоҷиконро дар садаи 20 баррасӣ мекунад. Расми муаррифии ин китоб бо ширкати муаллифаш -- Салими Аюбзод ва донишмандони саршиноси тоҷик, ҳамчунин устодон аз Амрико ва Аврупо моҳи сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ба хотири дастрасии хонандагон ба маълумоти ҷолибе аз таърихи тоҷикон ин китоб, ки бо теъдоди 3 ҳазор нусха дар Прага нашр шуда буд, бепул ба хоҳишмандон тақдим гардид.
Бо як огаҳӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва зимни дархости шавқмандон нусхаҳои ин китоб ба онҳое, ки дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба воситаи почта фиристода шуд. Ба ин тартиб нусхаҳои ин китоб ба Русия, Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Австралия, Фаронса, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Миср, Чин, Покистон, Туркия ва даҳҳо кишвари дигар ирсол гардид. Дар ҷавоб бархе аз хонандагон таассуроти худро аз китоб ба мо навиштанд. Чунончи, Ҷамшед Ҳомидов аз Белгия навишт, "бо вуҷуди онки аз таърихи мардуми худ огаҳии кофӣ дорад, аз ин китоб чизҳои нав ва ҷолиберо пайдо кардааст." Абдулҳанон Абдулҳаев навишт, "китоб пурмӯҳтавост ва бо заҳматҳои зиёде ба миён омадааст." Барои дарёфти китоб ба мо инчунин сафири собиқи Иёлоти Муттаҳида Грант Смит муроҷиат кард ва навишт, дар бораи фактҳои ҷолиби китоб аз дигарон шунидааст. Профессори Донишгоҳи Эмории Атланта (ИМА) Френклин Люис навишт, аз рӯи ин китоб ба донишҷӯёнаш на танҳо забони тоҷикӣ, балки инчунин таърихи Тоҷикистонро омӯзондааст.
Матбуоти Тоҷикистон низ дар бораи китоб чанд тақризи мусбат ба нашр расонд. Донишманди саршиноси тоҷик Расул Ҳодизода мегӯяд, "дар ин китоб маводе ҷамъоварӣ шудааст, ки дар дастраси мо набудааст ва ин кӯмакест ба фарогирифти пурратари таърихи гузашта." Таърихшиноси тоҷик Намози Ҳотам менависад, "ин тӯҳфаи хубест ба ҷавонони мо, ки акнун ақидаи сиёсии онҳо ташаккул меёбад." Файласуф Ғаффор Ашӯров гуфтааст, бо ин асар "бисёр масъалаҳои умдаи фалсафаи таърихи мо ба миён гузошта шуд, масъалаҳои баррасинашудаи ҷомеаъшиносӣ, таърих, фалсафа, адабиётшиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ."
Соли гузашта ин китоб дар Ҳолланд ва Олмон бо алифбои ниёкон (ҳуруфи форсӣ) низ ба нашр расид ва ба Афғонистону Эрон низ роҳ ёфт.