Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии мардумии Чин дар Пекин бо донишомӯзони тоҷик мулоқот кард. Вай ба шароити зисту таҳсили шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мароқ зоҳир кард. Аз ин нишаст маълум гардид, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин 63 донишҷӯйи тоҷик дар риштаҳои улуми иқтисодӣ, мудирият, равобити хориҷӣ, журналистика, улуми иттилоотӣ ва забони чиноӣ машғул ба таҳсиланд.
Президент Раҳмонов ба донишҷӯён гуфт, Тоҷикистон, ки дар ҳоли пешрафту таҳаввул аст, ба мутахассисони донишманд ва пурғайрат ниёз дорад ва биноан онҳо бояд бо истифода аз имкониятҳое, ки дар Чин ҳаст, аз таҳсилу омӯзиш дар ин ҷо суд бардоранд. Донишҷӯён гуфтанд, онҳо мехоҳанд, пайвандҳои қавии худро бо ватан ҳифз кунанд, аз Тоҷикистон ҳамарӯза иттилоъи кофӣ дошта бошанд. Раҳмонов дастур дод, донишҷӯёни тоҷик аз имконияти дидани намоишҳои телевизионҳои Тоҷикистон бархӯрдор бошанд.