Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайидиброҳими Назар: "Субот аз қудрат авлотар аст."


Сайидиброҳими Назар, узви Шӯрои сиёсӣ ва мушовири раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Сайидиброҳими Назар, узви Шӯрои сиёсӣ ва мушовири раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори "Озодӣ" бо Сайидиброҳими Назар, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломӣ.

Сайидиброҳими Назар, ки номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе буд, ҳафтаи гузашта эълон кард, ки то замони ворид шудани аъзои ҲНИТ ба қитъаҳои раъйдиҳӣ, дар интихобот иштирок намекунад.
Ҳоло бубинед, ки байни ду навраси мошиншӯ адолат вуҷуд надорад. Байни ду талбанда адолат мавҷуд нест, чи расад ба болову болотар...


Хабарнигори "Озодӣ" низ сӯҳбаташро аз ин баҳс оғоз кард ва аз ӯ ҷузъиёти бештареро пурсид.

Сайидиброҳими Назар: "Албатта, мо аз тасмими худ барои ширкат дар интихобот даст накашидаем. ҲНИТ тасмим гирифт, ки дар интихоботи миёндавраӣ аз ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе номзадашро вориди ин сабқат кунад. Ба ин манзур конфронси ноҳиявии ҳизб номзадии маро пешниҳод кард. ҲНИТ бо таваҷҷӯҳ ба тағйири роҳбарият ва бархе аз аъзои Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) ва бо умеди он ки ин навбат интихобот ба таври демократӣ ва одилона мегузарад, чунин тасмим гирифт.
Ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе
Мо ҳам қабл аз онки муддаӣ бишавем феҳристи ашхосеро, ки аз ҷониби мо дар участкаҳо ё қитъаҳо аъзо бишаванд ба масъулони интихоботии ҳавза ироа доштем ва онро қабул ҳам карданд. Нусхае аз пешниҳодҳои моро пазируфтанд ва гуфтанд, ки дар доираи қонун дида хоҳад шуд ва мо ҳам мутмаин будем, ки афроди моро дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ҷо медиҳанд. Аснодро пешниҳод ва 7 ҳазор сомонии гарави интихоботиро ҳам супоридем. Вале ду рӯз қабл аз расми бақайдгирии номзадҳо, ки ба комиссияи ҳавзавӣ рафтам, гуфтанд, ки пазируфтани ин афрод дар ҳайати комиссияҳои участкавӣ хилофи қонун аст ва низ гуфтанд, ки чун дигар аҳзоб афроди худро пешниҳод накардаанд, мо наметавонем танҳо аъзои пешниҳодии Шуморо вориди комиссияи участкавӣ намоем.



Бо онҳо баҳсҳои тӯлонӣ ҳам доштем ва гуфтем, агар ки дигар ҳизбҳо пешниҳод накарданд ба мо марбут намешавад, аммо онҳо сари ҳарфи худ қарор гирифтанд. Мо ҳам гуфтем, ки агар чунин аст, ки комиссияҳои участкавӣ бидуни ҳузури намояндагони мо ташкил шавад, мо аз тасмими иштирок дар интихобот сарфи назар мекунем. Тибқи маълумоте, ки пештар дода буданд, расми бақайдгирии номзадҳо рӯзи шашуми апрел сурат мегирифт, вале хабар доданд, ки ин маросим рӯзи панҷум баргузор мешавад. Он рӯз Шӯрои сиёсии ҲНИТ баргузор шуд ва аксарият ба ин назар буданд, ки агар намояндаҳои мо дар участкаҳо иштирок накунанд, ба интихобот намеравем. Омадам инро дар комиссияи ҳавза эълон доштам. Аммо ба ҳарфи ман эътибор надоданд. Ҷаласа шурӯъ шуд ва хостанд, ки маро низ сабти ном кунанд. Вале ман ариза пешниҳод намудам, ки шарти ширкати мо иваз намешавад. Он ҷо ман бори дигар аъзои комиссия дар ҳавзаро пурсидам, ки оё дуруст аст, ки пешниҳоди мо хилофи қонун аст, онҳо бо як овоз тасдиқ карданд, ки бале, он ғайриқонунист. Баъдан дар расонаҳо низ хондам, ки бархе аз масъулини КМИР низ гуфтаанд ширкати намояндагони аҳзоб дар участкаҳо хилофи қонун аст. Дар ҳавза гуфтанд, ки то рӯзи 15-уми апрел фурсат ҳаст, ки мо аз қайд бигзарем, вале мо низ гуфтем, ки сари ҳарфи худ хоҳем буд ва шумо ҳам фурсат доред, ки афроди моро вориди комиссияи участкаҳо кунед."

"ҲАРФИ ВАЗНИН"

Суол: Вале қонун манъ накардааст, ки намояндаҳои аҳзоб вориди комиссияҳои участкавӣ бишаванд. Пас, далели КМИР чӣ аст?

Сайидиброҳими Назар дар ҷаласаи комиссияи ҳавзавӣ дар қатори чаҳор номзади дигар (аз тарафи рост)
Сайидиброҳими Назар:
"Бале, дуруст аст. Қонун манъ накардааст. Аз ин рӯ фазо, мантиқ ва салоҳи кор ҳам ин аст, ки бояд аз аҳзоби дигар дар ин комиссияҳо бигиранд. Шомил кардани намояндаҳо аз аҳзоби дигар ба истилоҳ забони комиссияҳои интихоботиро дароз мекунад. Вале вақте қонун манъ накардаасту онҳо мегӯянд, ки хилофи қонун аст, ин ҳарфи вазнин аст. Он чиро ки қонун манъ кардааст, манъ аст, вале он чизеро, ки қонун дар борааш чизе нагуфтааст, онро наметавон манъ гуфт."

"МО ЯК УМР ГУЗАШТ КАРДЕМ..."

Суол: Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти кишварҳои арабӣ дар бораи созмонҳои сиёсии мазҳабӣ ва нақшу ҳузури онҳо дар ин ҳаводис сару садоҳо зиёд шудааст. Назари Шумо дар бораи ин андеша, ки ташкилот ва созмонҳои сиёсии исломӣ набояд талош ба курсии аввал кунанд, чӣ аст?

Сайидиброҳими Назар: "Ин ҳарф аз забони раиси ҲНИТ низ садо дод. Ҳадаф ин нест, ки нафари аввал кӣ бошад. Болотар аз ҳама дар фикри солимии фазои сиёсӣ, яъне оромии кишвар ва пешрафти он бошем. Ҷоеро, ки ман иддао дорам, вале бубинам, нафаре дигар аз ман беҳтар ва сазовортар аз ман талабгор аст, тибқи дидгоҳи ислом ва тибқи дидгоҳи инсофу адолат иштибоҳ аст, ки он ҷоро даъвогар бошам. Мебинам, ки шумо онро аз ман беҳтар иҷро мекунед, набояд онро даъво кунам, ҳақ надорам. Вале агар медонам, ки аз шумо беҳтар иҷро мекунам, бояд даъво бикунам. Имрӯз ин гуна назар тибқи ҳамин мантиқ пешниҳод шудааст. Фазои сиёсии ҷаҳон имрӯз инро нишон медиҳад, ки як нафаре, ки бо исми исломӣ машҳур аст, агар ӯ даъвое кард, мисол ҳазор фитна, ҳазор тӯҳмат ва ҳазор бӯҳтонро болои ӯ меандозанд ва фазои кишвар ва минтақаро ноором месозанд.
Боз такрор мекунам, аз он механизме, ки ҳукумат дар дасти кӯлобиҳо асту мехоҳанд кӯлобиро сари ҲНИТ оваранд,
ҳеҷ гоҳ бар ӯҳда намегирам. Агар иддао ин аст, роҳбарии як шӯъбаи ҲНИТ-ро ба ӯҳда нахоҳам гирифт...


Ҳарфе, ки нафарони имиҷи исломӣ, обрӯ ва исми исломидошта давъои шахси аввалро накунанд ба ин маъност, ки ҷомеа ва фазо онро як миқдор бардошт надорад. Фазоро чунин сохтаанд, ки фитнаву иғво бештар мешавад. Ин маънои онро надорад, ки аслан шахсиятҳои исломӣ сари қудрат наоянд ё шахси аввал нашаванд. Усулан он гуна, ки арз кардам ҳар нафаре, ки сазовор аст, ӯ биравад. Бигузор он нафар имиҷи исломӣ дорад ё дунявӣ, вақте мебинем, ки адолатро таъмин карда метавонад, шоиста аст, ки ӯ биравад. Вале ин лаҳза, ки исломиҳо як гузаште карданд, (мо як умр гузашт кардем) ба хотири он аст, ки фазо инро шояд намебардорад."

"НАМЕХОҲЕМ, КИ ҲАССОСИЯТ БА ВУҶУД ОЯД"

Суол: Хабаргузории "Тоҷнюс" чанде пештар миёни корбарони сайти худ як назарсанҷиеро дар робита ба мақоми аҳзоб доир кард. Бар асоси ин назарсанҷӣ ҲНИТ ва раиси он раъйи бештареро ба даст овардаанд. Назари Шумо дар ин бора чӣ аст?

Сайидиброҳими Назар: "Ба он пурсиши доиркардаи «Тоҷнюс» коре надорам. Аслан ба чунин назарсанҷиҳо эътимод надорам. Мутаассифона, шароити замони мо чунон шудааст, ки пурсишҳо ва назарсанҷиҳо ҳадафҳои дигаре дорад. Намедонам, ки Тоҷнюс ин корро ба чӣ хотир анҷом додааст. Шояд воқеият бошад, яъне ҳадафаш солим бошад. Вале эҳтимоли он дорад, ки барои барангехтани ҳассосияти тарафи муқобил ҳам бошад. Аммо паҳлӯи дигари масъала он аст, ки ҲНИТ воқеан обрӯ ва ҳайсият дорад. Чун ҲНИТ ҳизби мардумӣ аст. Мо ҳарфу ҳаракати болохонадор надорем. Барномаҳои пешниҳодкардаи ҲНИТ барномаҳои мардумианд, интихоботҳои гузашта инро нишон доданд. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин мо намехоҳем, ки ҳассосиятро дар ҷомеа ба вуҷуд оварем. Ҳатто бо вуҷуди онки мо пуштибонии мардумӣ дорем, намехоҳем, ки ҳарфе ё амале аз мо сар занад, ки боиси нооромии ҷомеа бишавад. Назари ман ва бисёре аз бародарони мо дар ҳизб ин аст, ки муҳим нест, ҳизби мо сари қудрат бошад. Муҳим ин аст, ки барномаҳоямон амалӣ бишавад. Ҳатто агар ҳар ҳизбе дигар ҳам онҳоро амалӣ кунад. Вале ин ки мо дар сари қудрат оем, ё дар парлумон ё дар ҳокимияти иҷроия ва ин боиси он бишавад, ки кишвар ноором гардад, мо ба ҳеҷ ваҷҳ оромии кишварро ба ҳеҷ чиз иваз намекунем. На қудрат ва на ҳукумат арзиши онро надорад, ки ба хотири он кишвар ноором бишавад. Бино бар ин, ҲНИТ мехоҳад, ки ҳамқадам ва ё дар баробари бардошти ҷомеа қадам бизанад. Аз ӯ болотар наравем. Агар мо тарафдор дорем, агар барномаҳои хуб ҳам дорем, вале вақте ҷомеа онро бардошт надорад, манзурам на танҳо ҷомеаи дохили кишвар, ҷомеаи ҷаҳониро ҳам дар назар дорем, мо наметавонем ҳадафҳоямонро амалӣ намоем. Аз ин рӯ, мо дар ин мавзӯъ саросема нестем."

ТАРС Ё ЭЪТИРОФИ ЗАЪФ?

Суол: ҲНИТ низ эълон кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзади худро пешниҳод намекунад, яъне муддаии ин курсӣ намешавад. Оё ин ба чӣ маъност? Тарс, ҷилавгирӣ аз хафви баста шудан ва ё иқрору эътирофи заъф, ки воқеан омода нест?

Сайидиброҳими Назар:
"На ину на ону на дигараш. Дуруст аст, ки ҷомеаи мо ҷои хафв ҳам дораду ҷои тарс ҳам. Вале инҳо масоили хеле поинанд. Арз кардам, ки инсон пеш аз рафтан дар як саҳна ва ё маъракаи сиёсӣ нафъу зарари онро ҳам ба шахсияташ, ҳам ба ташкилоташ ва ҳам ба ҷомеа месанҷад. Шояд ташкилоти мо, ҳизби мо инҷо нафъ ҳам бубарад. Бубинед, интихоботеро, ки дар Қазоқистон доир шуд. Магар аҳзоби мухолиф ҳамагӣ се дар сад арзиш доштанд? Шояд Назарбоев аксарияти раъйҳоро соҳиб шуд. Шояд 50, шояд 60 дарсад. Назари ман ин аст, ки 60-70 дарсад кофӣ буд ва сӣ дар садро ба тарафи дигар медод, ором мешуд.

Инҳо нишонаҳое ҳастанд, ки агар мо дар интихобот пешниҳод ҳам кунем, раъй ҳам барем натиҷааш аз ҳоло маълум аст. Интихоботҳои парлумонӣ возеҳ карданд, ки чӣ хоҳад шуд. Бино бар ин, намехоҳем бо ин иқдомамон боз як бори дигар ҷомеаро ноором кунем. Чунки рафти он баҳс дорад, даъво дорад. Шояд то он замон фазои дунё ва фазои кишвари мо ҳам тағйир ёбад. Шояд дарк кунанд, ки интихобот шаффофу саҳеҳ баргузор бишавад бар манфиати миллат аст. Агар интихобот шаффофу саҳеҳ баргузор шавад, бигузор Раҳмон ғолиб шавад ё каси дигар, мо ба он мухолиф нестем. Мо тарафдори интихоботи шаффоф ҳастем. Агар ки Раҳмон ва ҲХДТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумон бо гирифтани раъйи мардум ғолиб бишаванд, онро эътироф ва эҳтиром хоҳем кард."

"АГАР ДАР ИНТИХОБОТИ 2013 ИШТИРОК КУНЕМ..."

Суол: Вале бештари роҳбарони ҲНИТ худро дуввумин созмони сиёсӣ дар Тоҷикистон меҳисобанд. Агар ҳизби дуюм ҷуръат накунад, бигӯяд мо номзади омода барои ишғоли курсии президентиро дорем, аҳзоби дигар чӣ кор бикунанд. Пас, худи ин роҳбарон шакку шубҳаро, ки ҳизб дар асл дуввум нест ва лаёақати бештар надорадро дар ҷомеа густариш намедиҳанд. Яъне ба ин гуфтаҳо, ки дуюмед шак доред?

Сайидиброҳими Назар: "Албатта, ин ҷо баҳси шакку шубҳа ҷо надорад ва ҲНИТ боз ҳам такрор мекунам, ки ба нерӯи худ ва шахсиятҳои худ шакку шубҳа надорад. Аҳзоби дигар чуноне, ки ин таҷрибаро дорем, ширкат ва номзади худро пешниҳод мекунанд. Барои ҲНИТ муҳимтар ҳифзи фазои солими сиёсӣ, оромии ҷомеа ва адолати иҷтимоӣ аст. Зеро аз ҳоло мо мушоҳида мекунем, ки нисбати ҲНИТ ва аъзои он баъзе корҳоеро шурӯъ кардаанд. Шумо медонед, ки мардуми мо бо вуҷуди бофарҳангу решадор будан зуд дода мешаванд ба як иғвои сиёсӣ, ба чизҳое, ки аз берун меояд. Агар мо даъвои иштирок дар интихоботи соли 2013-ро кунем, аз ҳоло эҷоди як фазои носолими сиёсӣ шурӯъ мешавад."

Суол: Пас, Шумо ба ин гуфтаҳо бовар доред, ки агар ҲНИТ дар ин интихобот ширкат варзад, фазо ноором мешавад ва ин ҳизб як омили нооромкунандаи ин фазо хоҳад буд?

Сайидиброҳими Назар: "Чунин нест, ки ҲНИТ омили нооромкунанда аст. Вале бубинед, дар интихоботи соли 2010 мо як каме фаъолиятамонро бештар ба роҳ мондем чӣ қадар сару садо атрофи ҳизб пайдо шуд. Мо эҳсос мекунем, ки як қисме аз афроди ҷомеа бардошт надоранд, ки тарафи мухолиф як пешравӣ дошта бошад ва барои бадном кардани он аз ҳеҷ омиле даст намекашанд: иғво, дурӯғ. Маълум аст, ки ҳизби мо ҳизби характери динидошта аст ва ҳарчи дорад дар чаҳорчӯбаи дин амал мекунад. Кишвари мо дунявӣ-секулярӣ аст, мо дар ҳамин чаҳорчӯбаи секулярӣ фаъолияти худро пеш мебарем. Мо аз доираи муқаррароти динӣ берун баромада наметавонем. Мо дар чаҳорчӯбаи низоми дунявӣ ба ҳадде амал мекунем, ки барои мо иҷозат аст. Маълум аст, ки дар ҷомеа мо афроди секулярии ифротие дорем, ки ҳеҷ қабул надоранд мавҷудият ва фаъолияти ҳаракати диниро. Онҳо усулан мухолифи фикри динианд. Ҳар амали моро онҳо аз ҳамин дидгоҳи секулярии ифротӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҳамин хотир моро водор мекунад, ки қабл аз амал кардан чандин маротиба фикр ва андеша намоем."

НУРӢ, ҲИММАТЗОДА Ё КАБИРӢ?

Суол: Шумо дар замони раҳбарии се раиси ҲНИТ фаъолият кардаед ва дар симматҳои боло. Кадоме чӣ фарқ доранд?

Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини ҲНИТ
Сайидиброҳими Назар:
"Мухолифи муқоиса ва тафовутгузорӣ ҳастам. Зеро ҳаракат он хоҳ динӣ ва ё хоҳ дунявист, нақш ва мақоми муассис дар он тамоман дигар аст. Ҷои устод Нуриро ҳеҷ кас гирифта наметавонад, чун ӯ муассис буд. То вақте устод Нурӣ дар ҳаёт буд, ҳеҷ кас ҷуръате надошт, ки бар раёсат ва рисолати ӯ шубҳа дошта бошад. Ӯ асосгузор буд. Воқеан устод Нурӣ шахси бузурге буд. Тӯли фаъолиятамон гоҳо мушкилиҳои сахт пеш меомад, асабӣ мешудем, вале ӯ бо як ҳарф, бо як калима ором мекард. Ин кор на аз дасти ҳама бармеояд. Устод Ҳимматзода ҳам як марди хеле илмӣ буд ва ин масъала ҷое барои баҳс надорад. Як одами хеле босабру батамкин буданд. Раиси имрӯзаи мо Муҳиддин Кабирӣ нафари ҷавон ва пурэнержӣ аст, заҳмат мекашад, фаъолият мекунад, вале намешавад бо устод Нурӣ ва устод Ҳимматзода муқоиса кард. Ҷиҳатҳои мусбати зиёд дорад, одами серкор, одами боирода ва дар кораш устувор аст. Вале синну сол, ҷавониву замон дигар фарқ мекунад. Ҳар кадоме аз онҳо ҷои худро доранд, аммо бебаҳс аст, ки устодон Нурӣ ва Ҳимматзода ҷойгоҳи худро доштанд. Раисоне, ки имрӯз, масалан ҷаноби Кабирӣ ва баъдан касони дигар меоянд, ҷои худро хоҳанд дошт."

"ҲАМА ЧИЗ ИВАЗПАЗИР АСТ"

Суол: Ин ҷо дар бораи раиси баъди ҷаноби Кабирӣ ҳам ишора кардед. Оё афроде имрӯз ҳастанд, ки раиси ҲНИТ-ро иваз кунанд? Чун, масалан, дар ҲХДТ раиси худро ивазнопазир меҳисобанд...

Сайидиброҳими Назар: "Худи онҳое, ки мегӯянд, ивазнашаванда аст, медонанд, ки иштибоҳ аст. Ҳеҷ чизе дар дунё ивазнопазир нест. Бубинед таърихро, вақте ки Сталин дар сари қудрат буд чиҳо мегуфтанд. Ҳар як роҳбаре, ки меомад дар Шӯравӣ онро ивазнопазир мегуфтанд. Аммо шароит тарзе шуд, ки ин кишвар бо роҳбарони ивазнашавандааш аз байн рафт. Дар ҲНИТ мо намегӯем, ки раис ивазнашаванда аст. Ҷаноби Кабирӣ имрӯз фаъолияти хуб дорад, Шӯрои сиёсӣ аз фаъолияташ розӣ аст. Вале мо даъвоеро, ки ӯ ивазнашавандааст, надорем. Ӯ ҳам инсон аст, дигарҳо ҳам инсонанд. Шӯрои сиёсӣ, роҳбарияти олӣ ва раисро Анҷумани мо интихоб кард. Ӯ нафари ҳисоботдиҳанда аст ва агар дар анҷумани баъдӣ ба чунин натиҷа расиданд, ки ӯ сазовор аст, боз интихобаш хоҳем кард. Табиӣ аст, ки ҳар як кас ивазшаванда аст. Ҳар яке аз мо инсонем, бемор ва пир мешавем, хаста мешавем. Аз ин ҷиҳат ҳар як инсоне, ки сари мансаб меравад новобаста аз он ки чӣ мансаб аст, ҳамон лаҳза бояд омода ба рафтан ҳам бошад. Ин гуна эълон кардан, ки ман ивазшаванда нестам ва ё ривоҷ додани чунин фикр дар нисбати нафаре аз тарафи гурӯҳе иштибоҳи бузург аст. Паёмбарони худо бо ҳама бузургӣ дар ҳалли баъзе аз масоил аз мардум мепурсиданд. Пайғомбар аз мардум машварат мепурсид. Ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ кас фарди хос нест. Вақте устод Нурӣ рафт, бисёриҳо гумон доштанд, ки ҳизб аз байн меравад. Вале нафар пайдо шуд ва ҳизб амал мекунад."

ИХТИЛОФ ДАР ҲНИТ, КӮЛОБ Ё ИСЛОМ?

Суол: Гуфта мешавад, ки дар дохили ҲНИТ ихтилоф ба амал омадааст ва мегӯянд, ки Шумо аз он муддаиёни курсии раҳбарӣ дар ҳизб ҳастед. Азбаски ҳоло дар бештари мақомҳои асосии кишвар кадрҳои кӯлобӣ сари вазифаанд, дуруст аст, ки Шуморо низ мехоҳанд дар раъси ин ҳизб оваранд?

Сайидиброҳими Назар: "Агар ба ҳамин равишу ҳамин мантиқ бошад, бо сароҳат мегӯям, ки агар ман ҳатто сазовор ҳам бошам, намехоҳам, ки роҳбари Наҳзат бошам. Ман намедонам, ки ман сазовор ҳастам ё не, вале бо ҳамин равиш ва бо ҳамин мантиқ сазовор бошам, ҳам рад мекунам. Чунки ман намехоҳам раҳбари Наҳзат банда ва ё ҳар касе дигар ба он хотир бошем, ки каси дигаре мехоҳад ва ё бо кӯлобӣ будани мо ин кор сурат мегирифта бошад. Ман мухолифи ашаддии чунин фикру андешаҳо ҳастам. Дуруст аст, ки ҳар як инсон ба маҳалли худаш, ба зодгоҳаш муҳаббати хосе дорад. Ин ҳамон силаи раҳмест, ки худо фармудааст, бародарамон, падарамон, ҳамдеҳаамон, ҳамшаҳриамонро дӯст медорем. Вале инҳо ҳама дар ҷои худаш ва он ҳадду ҳудуд дорад.

Аммо он ки ман кӯлобӣ, хуҷандӣ, зарафшонӣ ва ё ҳисорӣ буданамро бубарам ҷойи аввал бигузорам, шахсан барои банда қобили қабул нест. Дуо мекунам, ҳеҷ гоҳ маро ба он рӯзе набарад, ки танҳо ба хотири кӯлобӣ будан ифтихор кунам. Ман қабл аз ҳама ифтихор бар он дорам, ки мусалмон ҳастам, ифтихор аз он дорам, ки тоҷик ҳастам. Бале, ман аз кӯлобӣ будани худ ифтихор дорам, аммо ин дар ҷои худаш. Вале онро ман ҳеҷ вақт дар ҷойи аввал намебарам, ки ба хотири кӯлобӣ буданам ё ба хотири онки ҳукумат имрӯз ба қавле ба дасти кӯлобиҳо аст, ман равам раиси Наҳзат шавам. Маро нафаре дигар ҳам пурсида буд, ки шумо раиси Наҳзат шуда метавонед ё мешавед? Имрӯз, якум ин ки Наҳзат раис дорад ва раиси сазовор ҳам дорад. Алҳамдулиллоҳ, корро аз ману аз дигарҳо беҳтар ва хубтар иҷро карда истодааст. Вале агар рӯзе шаваду ин бародар ҳам инсон аст ва гӯяд, ки намекунад ё кори дигаре мекунад, мо чанд нафари сазовори дигар ҳам дорем. Агар рӯзе дар Наҳзат дигар ҳама сари банда биоянд ва гӯянд не, шумо, пас ман инро масъулият медонам на даъво. Ин масъала ҷудогона аст. Вале боз такрор мекунам аз он механизме, ки ҳукумат дар дасти кӯлобиҳо асту мехоҳанд кӯлобиро сари Наҳзат оваранд ман ҳеҷ гоҳ бар ӯҳда намегирам. Агар иддао ин аст, роҳбарии як шӯъбаи Наҳзатро бар ӯҳда нахоҳам гирифт. Аз ин роҳ рафтанро барои худ пастӣ ва ор медонам. Худо паноҳаш бидиҳад, ки ман ба он рӯз бирасам."

БАДБАХТИИ МО...


Суол: Вале ин ҳарфҳоро мегӯянд. Бахусус баъд аз он ки ҲНИТ дар интихоботи парлумонӣ як ширкати густарда ва фаъолро ба роҳ андохта роҳбари онро дар чашми омма хеле маъруф кард, мегӯянд, ихтилоф дар даруни худи Наҳзат ва бо дастони кӯлобиҳои наҳзатӣ эҷод карда мешавад...

Сайидиброҳими Назар: "Бадбахтии мо ҳам дар ҳамин аст. Бадбахтии ҷомеаи мо ин аст. Мехоҳем, ки ҳамшаҳрии худамонро, нафари худамонро сазовор ҳаст ё нест, барем ба як ҷое. Мутаассифона, ин фазо на ба ангезаи динӣ ва на ангезаи миллӣ мувофиқ аст. Ман як инсоне ҳастам, ки фарҳангу ангезаи ман динӣ аст ва худи ин ангезаи динӣ маро иҷоза намедиҳад, ки чунин амал кунам ва аз ман чунин амале сар занад. Ҳеҷ гоҳ бо ангезаи маҳал ба ҳеҷ кор нахоҳам рафт. Вақте дар Кӯлоб номзади интихоботи парлумонӣ будам, гуфтам, ки бародарҳо ба хотири кӯлобӣ будан ба ман овоз надиҳед. Худо кунад, ки масъулон ва мардуми мо ба рӯзе бирасад, ки ангезаи маҳал аз байн рафта бошад.

Ин ангеза кишварро пароканда мекунад, ба суқут мебарад. Вақте дар кишвар адолати иҷтимоӣ нест, яъне ин ба он маъност, ки аз боло то ба поён он вуҷуд надорад. Ҳоло бубинед, ки байни ду навраси мошиншӯ адолат вуҷуд надорад. Байни ду талбанда адолат мавҷуд нест, чи расад ба болову болотар. Агар дар кишвар адолат вуҷуд дорад, пас он дар байни мошиншӯ, кишоварз ва он талбанда ҳам риоят мешавад. Вақте мо зулм мегӯем, фақат роҳбар, подшоҳ ва ё президентро дар назар надорем. Вақте дар як кишвар фарҳанг фарҳанги золимӣ мешавад як шахси одӣ низ зулм мекунад. Яъне чун дасти ман мерасад ба шумо зулм мекунам ва дасти шумо расид ба ман зулм мекунед.Чун дар ҷомеа фарҳанги зулм, фарҳанги ришва ва фарҳанги дурӯғ ҳоким мешавад, то пойинтарин нафар ин корҳоро мекунад. Ин ҳама ба фарҳанги миллӣ ва мазҳабии мо мухолифат дорад."

Муаррифӣ:

Сайидиброҳими Назар, узви Шӯрои сиёсӣ ва мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанберо аз рӯи ихтисоси муҳандис дар соли 1981 хатм кардааст. Аз солҳои донишҷӯӣ ба ҳалқаҳои пинҳонии динӣ пайваст мешавад.

Пас аз хатми ин донишгоҳи политехникӣ корро дар корхонаи таҷҳизоти технологии шаҳри Кӯлоб оғоз мекунад. Соли 1979 узви Наҳзати ҷавонони Тоҷикистон мешавад. Соли 1990 дар Аштархони Русия дар нахустин Анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси муовини аввали раис интихоб гардида, ду сол дар ин вазифа дар Маскав фаъолият мекунад. Бо пошхӯрии Шӯравӣ ба ватан бармегардад ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон интихоб мешавад. Солҳои ҷанги дохилӣ дар Маскав, Кобул ва Теҳрон ба сар бурдааст. Чанд муддат сардабирии нашрияи "Пайки пирӯзӣ"-и Ҳаракати исломии Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар бар ӯҳда дошт. Сипас, аз тарафи ҳайати мухолифони тоҷик узви Комиссияи оштии милии Тоҷикистон мешавад.

Аз соли 1999 аз замони фаъолияти дубораи Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла роҳбари шӯъба, сардабири маҷаллаи "Сафинаи умед" кор кардааст.
XS
SM
MD
LG