Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шифохонаҳои Хатлону Суғд ба табибу парастор муҳтоҷ шудаанд


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар Тоҷикистон садҳо шифохонаву дармонгоҳ муҳтоҷи табибу парастор шудаанд, чун муҳоҷирати ин табақаи муҳим аз кишвар афзоиш ёфтааст.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, камбудӣ пизишкон бештар дар вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеъи марказ мушоҳида мешавад. Вазир гуфт: «Дар маҷмӯъ, дар кишвар 2 ҳазору 463 табиб ва 605 ҳамшираи тиб намерасад».

Бар тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 79 ҳазор нафар кор мекунанд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, дар 30 соли ахир дар кишвар 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд.

Соли гузашта мақомоти ноҳияи Шаҳринав гуфтанд, 45 пизишку парастор кор дар шифохонаҳои ноҳияро бас карда, аксарият ба Русия рафтаанд. Мақомот аз ноҳияи Қубодиён ҳам аз рафтани 40 корманди соҳаи тиб аз ду муассисаи тиббӣ, хабар додаанд. Дар умум аз Хатлон беш аз 80 табибу парастор тарки касб карда, ба муҳоҷират рафтаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ гуфт, омори мушаххасе дар робита ба Русия рафтани табибони тоҷик ва дубора баргаштани онҳо ба Тоҷикистонро надоранд. Аммо вазир афзуд: «агар мо 1 ҳазору 518 табиб ва ҳамшираи тибро ба кор қабул карда бошем, аз ин 1 ҳазору 496 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки аз ин 1 ҳазору 187 ҳамшираи тиббӣ буданд. Ҳамаи ҳамшираҳои тиб барои кор нарафтанд, балки аксари онҳо ба назди оилаҳояшон рафтанд».

"Муздашонро боло мебарем, то нараванд"

Тарки пизишкон аз кишвар дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон дар аксар минтақаҳо норасоии пизишкон эҳсос мешавад. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта гуфт, дар панҷ соли оянда омӯзишгоҳу донишгоҳҳои тиббии кишварро беш аз 60 ҳазор нафар бо ихтисоси тиббӣ хатм мекунанд ва масъулини соҳаро мувааззаф кард, ки камбуди норасоии кормандони тиббро дар ду соли баъдӣ бартараф намоянд.

Ҷамолиддин Абдуллозода рузи 10-уми феврал дар посух ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди чораҳои ҳавасмандӣ ва тарки кишвар накардани пизишкону ҳамшираҳои тиб гуфт: «Табибон то 3500 сомонӣ ва ҳамшираҳои тиб вобаста ба навбатдории худ то 1700 сомонӣ маош мегиранд. Барои нигоҳ доштани табибон ва нарафтани онҳо ба дигар кишварҳо, тавре президент гуфтанд, маоши онҳо 20 дарсад зиёд мешавад. Ғайр аз ин ба тамоми раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки барои ҳавасманд гардонидани кормандони соҳаи тандурустиву маориф, барои сохтани хонаҳои истиқоматӣ мусоидат кунанд.»

Бисёре аз кормандони тиббии Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, пеш аз ҳама музди беҳтарро далели муҳоҷират меноманд. Илёс Солиев, пизишки бемориҳои урологӣ ва пӯст дар яке аз беморхонаҳои Маскав аст. Илёс Солиев, ки аз рафтанаш ба Русия 10 сол гузашт дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, соли 2008-ум Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, баъди 3 соли кор ба Русия рафт.

Вай мегӯяд, дар се соли кораш дар ватан пасандозе карда натавонист, ки барои худ пойафзоли хуб бихарад. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, духтурон бо маоши кам зиндагӣ мекунанд ва бештар дар фикри рӯзгузаронӣ ва дарёфти пул ҳастанд, на такмили дониши худ. Коршиносон ҳам мегуянд то замоне, ки барои пизишкон маошу шароити хуб фароҳам нашавад, нигоҳ доштани онҳо дар кишвар кори осон нахоҳад буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG