Нишасти гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ 6 рӯз ва то 17-уми август идома мекунад. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон мегӯянд, ки 94 дар сади марзи ду кишвар таъйину мушаххас шудааст ва танҳо 6 дар сади қитъаҳои печидае номуайян мондааст, ки дар гузашта сабаби ҷанҷолу хунрезӣ байни сокинони ду тараф шудааст. Минтақаҳое, ки мақомот сари тақсими онҳо андешаву кор мекунанд, асосан дар ҷамоати Ворухи Исфара ва деҳоти Оқсой ва Кӯктоши Қирғизистон будааст.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл гуфт, 928 километр (94%) хати марз бо Қирғизистон маълум шудааст ва музокирот барои таъйини қитъаҳои баҳсӣ ҳамчунон идома дорад. Ориф Хоҷазода афзуд: “Гурӯҳҳои маконнигорӣ (топографӣ)-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи аввали соли 2024 дувоздаҳ бор мулоқот карданд. Пешравии чашмрас ҳосил шуд.”
Рӯзе баъд аз ин ҳукумати Қирғизистон ҳам тасдиқ кард, ки дар масъалаи таъйину мушаххас кардани 94 дар сади хати марз бо Тоҷикистон ба мувофиқа расидаанд. Ба гуфтаи Назирбек Борубоев, намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон дар масоили сарҳадӣ, 6 дар сади минтақаҳои мушкил ва ҳалношуда дар қаламрави вилояти Ботканд аст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли ӯ навиштааст: “Минтақаҳои душвор дар ноҳияи Ботканд ҳастанд. Мо онҳоро ном бурда наметавонем, вале шумо медонед, чӣ гуна ҷойҳо ҳастанд. Ин сохтмон нест, ки гуфта битавонем, ки кадом вақт ба поён мерасад. То замоне, ки ду тараф ба созиш нарасанд, ҳал намешавад. Онҳо (Тоҷикистон) ҳам азм доранд, ки масъала ҳал шавад, вале дар амал вазъ дигар аст. Дар ҳақиқат ду тараф хуб кӯшиш мекунанд.”
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ охири ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон аз пешрафт дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон таъриф кард ва гуфт, мумкин аст, марзи ду кишвар, ки се сол пеш баъди як хунрезии сахт баста шуд, дар ояндаи наздик боз шавад.
Ӯ гуфт: «Мо бовар дорем, ки ҳамачиз ба зудӣ мусбат ҳал мешавад. 21-24-уми июл намояндагони Қирғизистон ва вазорати нақлиёти Тоҷикистон маҳаллаҳои баҳсбарангези Чоркӯҳ ва Ворухро диданд. Комиссия фаъолона кор мекунад ва Худо хоҳад, дар моҳҳои наздик санадҳо имзо мешаванд.»
Марзи ду кишвар 972 километрро ташкил медиҳад ва ба қавли бахши қирғизии Радиои Озодӣ зоҳиран бахши зиёди қисматҳои номуайян дар ноҳияи Лайлак, атрофи ҷамоати Ворух, деҳаҳои Оқсой, Коктош ва Тоштумшуқ аст, ки хонаҳои мардуми ду тараф дар онҳо мисли тахтаи шатранҷ сохта шудаанд. Деҳаи Коктерекро ҳам ба қавли мақомоти қирғиз, хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон иҳота кардаанд.
Дар ин минтақа порчаҳое ҳастанд, ки Тоҷикистону Қирғизистон аз они худ мешуморанд. Ҳоло касе намедонад, ки гурӯҳҳои корӣ сари ин қитъаҳо ба чӣ гуна созиш даст меёбанд ва онро мардумони ду тараф чӣ гуна қабул мекунанд. Ҳайталӣ Айкинов, раиси пешини вилояти Ботканд гуфтааст, агарчӣ 6 дар сад рақами хурде ба назар мерасад, вале таъйини ҳамин 6 дар сад мушкилтар аз бақияи марз аст.
"Як тарафи кӯча, як кишвар, тарафи дигари кӯча, кишвари дигар аст."
Вай мегӯяд: “Албатта, қитъаи хурде мондааст, ки мушаххас нашудааст, вале қитъаҳои муҳим ва стратегӣ ҳастанд. Инҷо заминҳоеанд, ки хонаҳо мисли тахтаи шатранҷ ҷойгир шудаанд. Як тарафи кӯча, як кишвар, тарафи дигари кӯча, кишвари дигар аст. Бидуни шак, ин як кори душвор ва мураккаб аст. Вале ин масъала бояд ҳал шавад. Умед дорем, муносибати мардум мисли пешина дуруст мешавад.”
Саломат Аламанов, доктори улуми ҷуғрофӣ, мутахассис ва раҳбари собиқи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масоили марзии Қирғизистон ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, дар ин муомила ҳарду тараф бояд гузашт кунанд ва суду зиёнашон ҳам баробар бошад: “Манфиату зарар аз таъйини марз бояд баробар бошад, ҳарду тараф бояд баробар бибозанду бибаранд. Ҳамин аст, усули ҳалли масъалаи марзҳо. Агар фақат як тараф бибарад, дигарӣ мебозад ва ин сабаби низоъ мешавад. Аз ҳарду тараф одамоне ёфт мешаванд,ки мегӯянд, “заминҳоро фурӯхтанд.” Баъди қабули қарор бояд ба мардум фаҳмонд ва гуфт, ки мо чиро бурдем ва дар куҷо бохтем.”
Тоҷикистону Қирғизистон даҳсолаҳост, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории марз ба созиш намерасанд ва мардумони ду тараф борҳо дар деҳоти марзӣ сари замину обу чарогоҳу роҳ муноқишаву хунрезӣ карданд.
Яке аз хунинтарин аз муноқишаҳо моҳи сентябри соли 2022 рух дод, ки аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошт ва мақомоти Тоҷикистону Қирғизистонро водор кард, ки барои пешгирӣ аз такрори ҷанг танҳо дар шаш моҳи имсол дувоздаҳ бор, яъне ҳар моҳ ду бор сари мизи музокира биншинанду нақшаҳои ҳамдигарро бубинанду хат бизананду покиза кунанд ва ё хати каҷеро рост ва ё хати ростеро каҷ кунанд.
Гуфтугӯ