Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Қирғизистон дар бораи марз: "Хабари хуш дар роҳ аст"


Эрлан Абдилдаев
Эрлан Абдилдаев

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, ки ба наздикӣ дар масъалаи таъйини хати марз миёни ду кишвар "хабари хуш" пахш хоҳад шуд, вале тафсилот надод.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн дар ҳошияи ҳамоиш дар мавзӯи об дар Душанбе аз Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон, пурсиданд, ки таъйини хати марз бо Тоҷикистон ба куҷо расид?

Абдилдиев гуфт, дар ин мавзуъ танҳо роҳбарони кумисюнҳои аломатугзории марзи ду кишвар ҳаққи суҳбат доранд, аммо илова кард, ки "ба наздикӣ хабарҳои хуш пахш мешавад".

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Вазири корҳои хориҷии Туркия рӯзи 10-уми январи имсол дар Душанбе хабар дод, ки созишномаи ниҳоӣ дар бораи марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтимол моҳи март имзо шавад. Аммо ин созиш то ҳол имзо нашудааст.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир ба таври мунтазам ва барои кашидани хати сарҳад мулоқот мекунанд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2024 гуфта буд, аз 987,6 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон 889,45 километр мувофиқа шудааст.

Дар гузашта номуайян мондани қисмате аз марз, боиси сар задани муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шудааст.

XS
SM
MD
LG