"Агар ҳозир гӯем, ки..."
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯз пеш гуфт, ки ҷузъиёти музокиротро бо Қирғизистон ошкор намекунад, чун ба нафъи кор нест. Бишкек низ мавзеъгирии ҳамсон дорад.
Аз ин пеш, рӯзи 8-уми феврал, раиси Кумитаи замини Тоҷикистон Ориф Хоҷазода гуфт, ки ҷузъиёти гуфтушунидҳо бо Қирғизистон то имзои қарордоди ниҳоӣ махфӣ хоҳад монд.
Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Агар ҳозир гӯем, ки аз мо ба онҳо рафт ва аз онҳо ба мо омад, ин протсес манъ мешавад ё ки ба як кунҷ меравад. Мо наметавонем қадамҳои баъдиро пеш барем. Барои ҳамин, хуб, аст мунтазир шавем, то раванд ба охир расад ва натиҷаҳоро ба мо муаррифӣ кунанд.”
Вазири тоҷик танҳо ҳаминро гуфт, ки “равишҳои анъанавиеро, ки то имзои протоколи 44 пеш мебурдем, каме тағйир дода шуданд. Ҷонибҳо розӣ шуданд, масири хатти марзро бар асоси ҳолати амалан, яъне вуҷуддоштаи марзӣ, ки чӣ иншоот дар кадом тараф ҷойгир аст, таъйин кунанд ва ба ҳамин сабаб тавонистанд пеш раванд.”
Ӯ ҷузъиёт надод.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир талош доранд, ки баҳси садсолаи марзиву арзии миёни ҳамро тезтар ҳал кунанд.
Бишкек моҳи марти имсолро замони имзои созишнома эълон кардааст. Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, тасдиқи ин гапро аз мақомот дар Тоҷикистон ҳам шунид. Сироҷиддин Муҳриддин нагуфт, ки санади ниҳоӣ кай имзо хоҳад шуд ва эълонҳои ҳамтои турки худро рад ё таъйид накард.
Ба фарқ аз солҳои пеш, ҳоло дар ҳарду кишвар, тақрибан ҳеч мақомдор ё коршиносе дар мавриди мушкилоти марз изҳори назар намекунад. Танҳо пас аз кори гурӯҳҳои маконнигорӣ хабари мухтасаре нашр мешаваду бас. Ҷонибҳо рӯзи 18-уми феврали имсол хабар доданд, ки “1,11 километр гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд”.
"Аз 93 то 103 километри дигар мондааст"?
Фош нашудани ҷузъиёти тавофуқи марзӣ нигарониҳоро дар бораи чигунагии тақсими заминҳои ҷанҷолӣ, гузашт ва эҳтимоли муомилаи калон ба вуҷуд овардааст.
Як сиёсатшинос аз Қирғизистон гуфт, ҷонибҳо зери таъсири омили берунӣ “назари мардумро ба эътибор намегиранд” ва “мехоҳанд худи ҳукуматҳо ҳал кунанд”.
“Ба назарам, бозигарони бузург ба мисли Чин, Русия, Туркия манифатдоранд, ки дар минтақа субот бошад. Мантақаи мо ҳоло дорои ҳаҷми бузурги гардиши пулу мол аст. Мехоҳанд чизе, ки дар Арманистон ё Ҳинду Покистон сурат гирифт, нашавад,” – афзуд ӯ.
Аммо коршиноси тоҷик Шералӣ Ризоён мегӯяд, омили сарҳад ва музокироти дуҷониба дар бозиҳои сиёсӣ низ истифода мешавад. Ба назари ӯ, “барои ҳамин ифшо нашудан барои сокинони минтақаҳои наздимарзӣ низ як навъ омили муваффақияти худи музокирот буда метавонад”.
Гуфтушуниди Душанбе ва Бишкек барои муайян кардани хати марз аз соли 2002 идома дорад. Дар як соли охир барои кашидани 197 километр хати марз, аз ҷумла ҳудудҳои мушкил ва баҳсбарангези марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон, розӣ шудаанд.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ дарсади дигар, аз 93 то 103 километри дигар мондааст, ки қитъаҳои аз ҳама мушкил гуфта мешаванд. Дар умум Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд.
Ҳоло ба далели дастрас набудани ҷузъиёти музокира, маълум нест, аз харитаҳои солҳои гузашта ҳамчун далели илмии ҳалли баҳс истифода мешавад ё не. Инчунин, рӯшан нест, тарафҳо то куҷо пеш рафта, барои мисол, масъалаҳои мушкилеро ба мисли роҳи Воруху роҳи “275-метрӣ”, ки ҳамеша мояи ҷанҷолу задухӯрд баёни тарафҳо будааст, чӣ гуна ҳал кардаанд.
Гуфтугӯ