Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Порис ва муҳоҷирони тоҷики муқими Фаронса 


Бозиҳои олимпӣ дар Порис сабаб шуд, ки мақомоти Фаронса ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони ислом диққати бештар диҳанд.

Тоҷикони муҳоҷир дар Фаронса бар ин боваранд, ки диққати хос ба онҳо ба ҳамлаи террористии моҳи марти имсол дар толори консертии Crocus City Hall дар Маскав пайванд дорад, ки дар робита ба он чанд муҳоҷири тоҷикро дастгир карда буданд.

Ба гуфтаи тоҷикони муқими Фаронса, сарфи назар аз он, ки онҳо ба қиссаи мақомоти Русия дар бораи Крокус шубҳа доранд, омодагии худро дар ёрӣ ба мақомоти Фаронса барои пешгирӣ аз амалҳои эҳтимолии тундравон изҳор кардаанд.

Тарҳи Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шуд.

Темур Варқӣ, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, паноҳандаи сиёсӣ дар Фаронса ҳар рӯзи бозиҳои олимпиро дар Порис бо шавқ ва ҳамчунин нигаронӣ пайгирӣ мекунад.

Пеш аз саршавии мусобиқаҳо кормандони амниятии Фаронса аз ӯ пурсида буданд, ки оё миёни муҳоҷирони тоҷик касони тундгаро ҳастанд. “Шубҳае нест, ки ин пурсуҷӯҳо зери сояи воқеаҳои Крокус ба миён омадаанд. Он ҷо намоишкорона тоҷиконро гунаҳкор карданд, ҳол он ки, тоҷиконро ба фикри ман истифода бурданд ё “козёл отпущение ” карданд." - гуфт, Темур Варқӣ, тоҷики муқими Фаронса.

Ба навиштаи Ройтерз, мақомати Фаронса аз мухолифи сиёсӣ ва паноҳҷӯйи тоҷик Муҳаммадиқболи Садриддин низ пурсидаанд, ки оё чӣ таҳдидеро аз ҷомеаи тоҷикони Фаронса ба Бозиҳои олимпӣ метавон чашмдор буд.

Муҳаммадиқболи Садриддин, масъули "Ислоҳ ТВ": “Моро ба суҳбате бо Ҳотел де Вилл, ё ин ки шаҳрдорӣ даъват карданд ва суҳбати онҳо танҳо умумӣ буд, ба мисли вазъияти тоҷикон. Ин корҳои умумӣ аст, ки шаҳрдорӣ ҳамеша аз шахсоне, ки маъруф ҳастанд, аз қазияҳое, ки дар лобалои он мардум, ё он миллат ҳаст, суҳбат мекунанд."

Хабари Ройтерз ин бардоштро ба вуҷуд овардааст, ки гӯё ҳамаи тоҷикони Фаронса даъвату пурсуҷӯ шудаанд ва зери назар ҳастанд. Аммо рӯзноманигори тоҷики муқими Фаронса, Зафар Суфӣ, мегӯяд, ки чунин нест.

Зафар Сӯфӣ, тоҷики муқими Фаронса: “Ростӣ, шахсан бандаро ҳеҷ ниҳод ё фарде барои суҳбату пурсуҷӯ даъват накардааст, аммо шунидам, ки як-ду нафар бачаҳоро даъват кардаанд ва суҳбатҳое кардаанд. Ҳоло, воқеан намедонам, ки ин ба муносибати таъмини амният дар раванди бозиҳои олимпӣ бошад ё иллати дигар дорад. Дар ҳар сурат ман фикр мекунам табиӣ аст, ки вақте ингуна чорабиние ба ин азамат дар як кишвар мешавад, барои таъмини амният ниҳодҳои амниятию полис хеле эҳтиёт мекунанд ва аз ҳар гуна ҳаводис барои ҷилавгирӣ кардан талош меварзанд. Чаро, масалан, ба тоҷикон таваҷҷӯҳ карданд? Сояи ҳодисаи Крокус, ки як фитнае аз сӯи душманони дохиливу хориҷии миллат буд, барои бадном кардани тоҷик. Шояд солҳои сол ҳанӯз ингуна рӯи тасвири тоҷик гаронӣ мекунад, яъне ҳамеша як хирагие бавуҷуд биёрад.”

OLYMPICS-2024/PARIS-SECURITY
OLYMPICS-2024/PARIS-SECURITY

Ҷомеаи тоҷикон дар Фаронса чандон бузург нест. Таври маълум бештари онҳо дар Олмон ва Лаҳистон ё Полша зиндагӣ мекунанд. Ба ақидаи Темур Варқӣ, чанд воқеаи охир номи тоҷиконро ба тундгароӣ ва терроризм вобаста кард.

Темур Варқӣ, тоҷики муқими Фаронса: “Ин аз куҷо меояд? Ман фикр мекунам, дар сӣ соли охир ва таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон як системае сохта шуд, ки садҳо ҳазор нафари камсавод, бекору беихтисос ва ноустувор ба кишварҳои ҷаҳон паҳн шуданд. Мактабу маорифи бисёр суст, беадолатӣ ва ноҳаққӣ низ нақш доштанд. Аммо худи ҳукумат ҳам гӯё зид набуду нест, ки тоҷикон террорист номида шаванд."

Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик ва масъули ИслоҳТВ гуфт: “Баъд аз ҳодисаи Крокус Сити миллат ва мардуми тоҷик дар дунё ба чӣ номе муаррифӣ гашт, дигар барои ҳамагон маълум аст. Ва аз ин қазия, албатта, Раҳмонов ба шакле суд бурд, чунки барои ҷаҳониён як паёме гузошт, ки агар ман набошам, идора накунам ин мардумро, ана инҳо ба чунин корҳое даст мезананд.”

Вале манзара яксон нест. Зафар Сӯфӣ, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мегӯяд, баранда шудани чанде аз варзишкорони тоҷик дар Олимпиадаи Порис тоҷикони Фаронсаро шод ва сарҷамъ кардааст. “Табиист, ки барои мо, тоҷикони муқими Фаронса, ин гуна пирӯзиҳое, ки дар ин бозӣ ҳамватанони мо ба даст меоранд, барои ба ҳам омадан, ё ки тақвияти ҳамбастагӣ асари мусбат мегузоранд. Чун дар ҳар сурат барои ба ҳам омадан ё ҳамбастагии намояндагони мухталифи як миллат бо дидгоҳҳои мухталиф, ҳамеша ё таҳдидҳои бузург ё пирӯзиҳои бузург омили асосианд. Иштирок дар бозиҳои олимпӣ ва пирӯз шудан, табиист, ки ин пирӯзии бузург аст.” - афзуд, Зафар Сӯфӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар як суҳбаташ бо ходимони дин гуфтааст, ки дар се соли гузашта 24 ҷавони тоҷикистонӣ дар кишварҳои гуногуни дунё даст ба амалҳои террористӣ задаанд.

Дар рӯзҳои Олимпиадаи Порис даҳҳо ҳазор пулис ва кормандони амниятӣ бехатариро таъмин карданд ва ҳамкасбони онҳо аз 40 кишвар низ ба ёрии онҳо расиданд. Тарси он буд, ки ба далели ҷанг дар Ғаззаву Украина ҳамлаҳои террористӣ дар инҷо рӯй диҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG