Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик ба Порис рафтанд


Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи Олимпии соли 2024 ба шаҳри Пориси Фаронса сафар кард.

Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ дар пойтахти Фаронса аз 26-уми июл то 11-уми август баргузор мешаванд. Варзишгарон аз 206 кишвари ҷаҳон барои 329 маҷмуи медалҳо дар 32 намуд рақобат мекунанд.

Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар - шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таеквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар Бозиҳои олимпии соли 2024 Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; Мунира Абдусаломова дар риштаи таеквондо; Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод; Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов - дар шиноварӣ, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук ширкат меварзанд.

Коршиноси соҳа Маҳмуд Абдуллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Порис дар ду ришта – бокс ва ҷудо - медал интизор аст.

Ӯ афзуд, ”одатан дар Бозиҳои олимпӣ он варзишгароне медал мегиранд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон пеш аз Олимпиада ҷоизадор шудаанд. Бинобар ин, муштзан Баҳодур Усмонов ва ҷудокор Сомон Маҳмадбеков, ки имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон медали биринҷӣ ба даст оварданд, дар Олимпиадаи навбатӣ имкони гирифтани медалро доранд. Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик Расул Боқиев, Юсуф Абдусаломов, Мавзуна Чориева ва Дилшод Назаров, ки пеш аз Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҷоизадор шуда буданд, ба гирифтани медали олимпӣ мушарраф гаштанд.”

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Порис, ки 26-уми июл баргузор мешавад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Порисро дар бар мегирад.

Темур Раҳимов, варзишгари машҳури тоҷик дар риштаи ҷудо, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис интихоб шудааст.

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз он ҷумла варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ сазовори медали тилло мешаванд, ба маблағи 300 000 сомонӣ ҷоизаи молӣ мегиранд. Барои медали нуқраи олимпӣ 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

XS
SM
MD
LG