Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бисёре аз мактабҳо аз Интернет маҳрум будаанд


Дар Тоҷикистон ҳанӯз баҳсҳо сари истифодаи таблетҳо дар дарс идома доранд.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз баҳсҳо сари истифодаи таблетҳо дар дарс идома доранд.

Як таҳқиқи тозае дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки фақат 16 дар сади мактабҳои кишвар Интернет доранд. Ба ибораи дигар, бақия, яъне 84 дар сади муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз дастрасӣ ба Интернет як манбаи азими муфиди илму дониш маҳруманд.

Дар гузориши ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, ки ба тозагӣ нашр шуд, омадааст, дар соли таҳсили 2022-2023 дар Тоҷикистон тақрибан 3700 мактаб амал мекард, ки 85 дар садашон дар деҳот ҳастанд ва аз ин миён фақат 16 дар сади онҳо ба Интернет дастрасӣ доштаанд.

Таъмини дастрасии ҳамаи мактабҳо ба Интернет, ки ҳоло ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии инсоният шудааст, ба қавли муаллифони гузориш бо назардошти манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мушкил, вале имконпазир аст. Айни замон қатъи пайвастаи нерӯи барқ имкон намедодааст, ки ширкатҳои телефонӣ ва ё таъминкунандагони Интернет мактабҳоро ба ин шабакаи ҷаҳонӣ васл кунанд.

Бисту ду дар сади мактабҳои кишвар манбаи таъмини муназзами барқ надоштаанд ва 65 дар сад аз мактабҳои дигар фақат як хати таъмини нерӯи барқ доранду халос. Дар гузориши мазкур, ки роҳҳои таъмини мактабҳои Тоҷикистон бо Интернети арзонро нишон додааст, гуфта мешавад, ки дастрасии мактабҳои кишвар ба ин шабакаи ҷаҳонӣ барои тамоми ҳукумат ва мардуму фарзандонашон бисёр муҳим ва муфид аст.

Зеро ба қавли муаллифони гузориш, шароитро барои дастрасии донишҷӯён ба иттилоот ва захираҳои донишу илм фароҳам мекунад, ба муаллимон роҳҳои нав таълиму тарбияро меомӯзад, дар умум дониши бачаҳоро боло бурда сабаби пешрафти иқтисод ва ҷомеаи Тоҷикистон мешавад.

XS
SM
MD
LG