SOTA хабар дод, ки Магомедова ба Маскав барои таҳсил рафта, аз он ҷо ба хонаводааш паёме навиштааст, ки мехоҳад аз хона биравад. Ӯ дар ин паёмаш гуфтааст, ки аҳволаш хуб аст, “ӯро касе надуздидааст” ва ваъда додааст, ки дар тамос хоҳад буд.
Ба иттилои матбуот, рӯзи чоршанбе ба як хонае, ки Магомедова ҳамроҳ бо як духтаре зиндагӣ мекард, падару модар ва холааш ворид шуда, ӯро латукӯб карданд ва ӯро бо зӯр ба берун бароварда бо худ бурданд.
Дӯсти Магомедова ба полис занг задааст, вале касе кӯмак накард. Ӯ гуфтааст, ки эҳтимолан Айшатро маҷбур гашта ба Қизилюрт бурдаанд.
Масъалаи хушунат дар бархе хонаводаҳои ҷумҳуриҳои Қафқози Шимолӣ – ҳам нисбати духтарон ва ҳам писарон дар гузашта гузориш шудааст.