Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Трамп ва Нетаняҳу дар Флорида  


Бенямин Нетаняҳу ҳамроҳ бо ҳамсараш ба мулоқоти Доналд Трамп рафт
Бенямин Нетаняҳу ҳамроҳ бо ҳамсараш ба мулоқоти Доналд Трамп рафт

Бенямин  Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, рӯзи 26 июл дар ҷараёни сафари якҳафтаинаи худ ба Амрико бо Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳҳо дар интихоботи имсолаи президентӣ мулоқот кард.

Ин вохӯрӣ дар қароргоҳи Мар-а-Лагои Трамп дар Палм Бичи Флорида баргузор шуд.

Дар изҳороте, ки ёварони Доналд Трамп дар робита ба музокирот нашр кардаанд, гуфта мешавад, ки раиси ҷумҳури собиқи Амрико ваъда додааст, ки дар сурати дубора интихоб шуданаш "барои истиқрори сулҳ дар Ховари Миёна" ва мубориза бо яҳудиситезӣ талош хоҳад кард. Бори охир Нетаняҳу ва Трамп моҳи сентябри соли 2020 мулоқот карда буданд.

Пеш аз сафари Нетаняҳу ба Флорида суханронии ӯ дар ҷаласаи ҳарду маҷлиси Конгресси Амрико сурат гирифт. Вай инчунин бо президент Ҷо Байден ва ноиби президент Камала Ҳаррис мулоқот кард, ки ба номзадии президентии демократҳо интихоб шудааст.

Дар музокирот бо нахуствазири Исроил Ҳаррис аз Нетаняҳу даъват кард, ки дар муқовимат бо гурӯҳи тундрави фаластинии “Ҳамос», ки аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эътироф шудааст, ба оташбас ноил шавад.

Ҳаррис аз шумори зиёди талафот дар миёни сокинони навори Ғазза изҳори нигаронӣ ва таъкид кард, ки "вақти хатми ҷанг расидааст". Дар баробари ин вай таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳақи Исроилро барои дифоъ аз худ эътироф мекунад.

XS
SM
MD
LG