Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се чечентабор дар Белгия бо гумони терроризм


Соли 2016 Белгия шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ шудааст
Соли 2016 Белгия шоҳиди ҳамлаҳои террористӣ шудааст

Як рӯз пас аз шурӯи рейдҳои сарстосарӣ ба хотири пешгирӣ  аз  ҳамлаи эҳтимолӣ, Додгоҳи Белгия се марди чечентаборро бо иттиҳоми марбут ба терроризм боздошт намуд.

Рӯзи 26 июл дар маҷмӯъ шаш нафар дар додгоҳ ҳозир шуданд. Додситонҳо гуфтанд, ин се нафар узви шохаи Хуросони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” мебошанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки онҳо дар фикри ҳамла ба кадом объекти мушаххас буданд ё на.

Рейдҳои пулис рӯзи 25 июл дар Брюссел ва чаҳор шаҳри бузурги дигар бо амри додгоҳ анҷом дода шуданд.

Дар ин кишвар соли 2016 дар паи ҳамлаҳои бомбгузори маргталаб дар фурудгоҳи аслӣ ва метро 32 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG