Ин дар ҳолест, ки сафири Туркия дар Душанбе мегӯяд, ҳадаф аз ин тасмим эҷоди мушкил дар сафар ба кишвараш нест ва эҳтимол низоми раводод муваққатӣ бошад.
Абдурасул Холиқов, сокини шаҳри Норак рӯзи 16-уми июл назди сафорати Туркия дар Душанбе мунтазири дарёфти раводид ё визаи сафари ин кишвар буд. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки гирифтани он осон нест ва барои таҳияи санадҳо ва пешниҳоди онҳо дар ду моҳи гузашта шаш бор аз Норак ба Душанбе омадааст.
“Қариб ду моҳ боз даводав мекунам. Аз ҷои кор маълумотнома гирифтем, маълумотнома дар бораи надоштани доғи судиро гирифтем, сурати панҷ дар панҷ гирифтем. Саволнома пур кардем, ҷо банд кардем. Рӯзи 28 истироҳат буд, 26-ум биёед, супоред, гуфтанд,”-афзуд ӯ.
Абдурасул бори аввал ба хориҷ аз кишвар сафар мекунад ва дар таҳияи санадҳои расмӣ дӯстон ба ӯ кӯмак кардаанд. Умедвор аст, ки баъд аз интизориҳои қариб думоҳа виза хоҳад гирифт.
“Саҳар соатҳои 11, нимаҳои 12 буд аз Норак омадем, ҳаминҷо шиштагӣ будам, соати 2:10 гуфтан биёед, бигиред, омадем, боз гуфтанд, соати 4 биёед. Акнун интизорем, чӣ мешавад,”-гуфт Абдурасул Холиқов.
Баъд аз нисфирӯзии 16-уми июл назди сафорати Туркия дар Душанбе навбатпоӣ буд. Кормандони сафорат нагузоштанд хабарнигорони Озодӣ чунин саҳнаро ба навор гиранд.
Сафорати Туркия дар Тоҷикистон нархи визаро аз 60 то 190 доллар эълон кардааст. Тоҷирон мегӯянд, ғайр аз арзиши раводид, дар таҳияву дастрас намудани санадҳо дигар харҷҳо низ пеш меояд, бинобар ин молеро, ки аз Туркия меоранд, акнун гаронтар нархгузорӣ мекунанд. Соҳибкор Саидакбар Маҳсудиннов мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба харҷу саргардониҳои дарёфти раводид, тасмим гирифтааст, дигар ба Туркия наравад ва минбаъд бештар аз Чину Узбекистон мол биёрад.
“Дар масъалаи виза камтар мушкилӣ ҳам ҳаст, баъд нарху наво ҳам тағйир меёбад. Ҳозир аз вақте виза ҷорӣ шудааст, мо ба Туркия нарафтем. Мақсад маблағи виза ва дигар харҷҳо ҳаст. Ҳоло бештар бо тоҷирони Узбекистон ва ҳам Чин кор карданием. Виза, ки набуд, сабуктар буд. Як билет мегирифтӣ, мерафтӣ, меомадӣ. Овардани молу маҳсулот сабуктар буд,”-афзуд соҳибкор Саидакбар Маҳсудиннов.
Дар фурудгоҳи Душанбе бархе аз тоҷирон гуфтанд, бекор кардани визаи Туркия ба нафъи ҳам тоҷирони тоҷик ва ҳам ҳамкорони туркашон хоҳад буд.
“Аҳамият медиҳем, равуои тоҷирон ҳам кам шудааст. Тоҷирони Туркия ҳам мехоҳанд бештар ҳамкорӣ дошта бошанд. Албатта раводид набошад, осонтар аст,”-гуфт, як тоҷир, ки бори охир рӯзи 16-уми апрел тариқи ҳавопаймо аз Туркия баргашта будааст.
Туркия, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20-уми апрел виза ҷорӣ кард, далели онро шарҳ надодааст. Иддае тахмин мезананд, ки ҳодисаи “Крокус” дар Русия ва боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақши эҳтимолии онҳо дар ҳамла ба як калисои Туркия дар гузашта сабаби чунин тасмим шуда бошад. Туркия аз шарикони тиҷории Тоҷикистон буда, дар бозору мағозаҳо молҳои ин кишвар бештар ба назар мерасанд.
Дар миёни кишварҳое, ки рӯйи кору хидматрасонӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд, Туркия мақоми 14-умро дорад. Гардиши солонаи мол миёни ду кишвар ба 363 миллион доллар расида буд, вале низоми раводид ба коҳиши он сабаб мегардад.
Гуфтугӯ