Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили визаи Туркия? Тайёраҳо нимахолӣ мераванду нимахолӣ меоянд


Ҷадвали парвоз аз фурудгоҳи Истамбул
Ҷадвали парвоз аз фурудгоҳи Истамбул

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе имрӯзҳо ҳангоми парвоз ба Туркия камодамтар аст, ҳарчанд як ҳафта пеш ин хатсайр аз масирҳои сермуштарӣ ба ҳисоб мерафт.

Бо вуҷуди ин ки дар як ҳафта 5 парвоз ба Истамбул сурат мегирад, аммо пас аз ҷорӣ кардани низоми раводид аз сӯйи Туркия шумораи мусофирон коҳиш ёфтааст.

Яке аз кормандони бахши амнияти фурудгоҳ дар суҳбати бидуни сабт гуфт, пас аз 20-уми апрел тайёраҳо аз Туркия нимахолӣ меоянд ва умдатан тоҷирону шаҳрвандони тоҷикеро меоранд, ки қабл аз 20-ум ба ин кишвар рафта буданд. Ба гуфтаи ин афсар, аз Душанбе ҳам тайёраҳо бо ҳамин ҳол мераванд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ шаби 25-уми апрел ба фурудгоҳ рафтанд. Соати 03:10 парвози Turkish Airlines ба Истамбул сурат гирифт. Дар давоми беш аз ду соат то парвоз, аз миёни мусофирони андак ҳеч фарде пайдо нашуд, ки визаи Туркияро дарёфт карда бошад. Мусофирон умдатан сафарҳои транзитӣ доштанд ва ин масирро барои рафтан ба кишварҳои сеюму чорум интихоб карда буданд.

Нигина Неъматуллоева, як шаҳрванди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ навишт, ки «ба воситаи Истамбул парвоз доштем рӯзи душанбе. Ҳавопаймо қариб холӣ буд».

Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз додани маълумот дар бораи коҳиши шумори мусофирон ба Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Талаб карданд, ки барои дарёфти ин маълумот бояд танҳо тавассути мактуби расмӣ дархост кунем.

Раводиди Туркия сафари тоҷиконро ба онҷо коҳиш дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Дар оғози апрел ҷониби Туркия барои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард, аммо далелҳои онро шарҳ надод. Тоҷикистон низ дар як посухи ҷавобӣ иқдоми ҳамсонро роҳандозӣ кард.

Сафорати Туркия дар Душанбе низ шароит ва вазъи кунунии дарёфти визаро шарҳ намедиҳад. Муроҷиатҳои пай дар пайи Радиои Озодӣ ба ин ниҳод бидуни посух монд.

Ширкатҳои сайёҳӣ низ танҳо гардишгаронеро мебаранд, ки виза дарёфт карда бошанд. Намояндаи яке аз ширкатҳои сайёҳӣ, ки нахост аз ӯ ном барем, вазъро ин гуна тавзеҳ дод:

«Ҳарчанд сафар бо виза аз санаи 20-уми апрел ҷорӣ шуд, вале сафорати Туркия қабули ҳуҷҷатҳоро аз 22-юм оғоз кард. То ҳол ба ҳеч касе виза надодаанд. Айни ҳол визаро ширкатҳо таҳия намекунанд. Шаҳрвандон барои виза бояд худашон муроҷиат кунанд, ҳузури шахсе, ки довталаби виза аст, ҳатмист. Мо танҳо метавонем ба гардишгарон бастаи сайёҳиро харидорӣ кунем», -мегӯяд ин намояндаи ширкати сайёҳӣ.

Сафорати Туркия дар Душанбе қоидаҳои дарёфти визаро нашр кардааст, ки хеле тӯлонист. Бар асоси он, шаҳрвандон бояд як моҳ қабл аз сафар барои виза муроҷиат кунанд. Дархостгар бояд бимаи тиббӣ, маълумотномаи музди меҳнат, маълумотнома аз ҷойи кор, маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ, суратҳисоби бонкӣ, ки дар давоми на камтар аз 6 моҳи ахир фаъол буда бошад ва як силсила асноди дигар пешниҳод кунанд. Навъ ва номгӯи ҳуҷҷатҳо вобаста ба намуди виза - сайёҳӣ, тиҷорат ё корӣ фарқ мекунанд.

Сафорати Туркия дар ин қоидаҳо таъкид кардааст, ки ҳақ дорад тасмими худро барои додан ё рад кардани виза дар давоми 90 рӯз эълон кунад. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кашолкориҳо дар сафорати Туркия нигаронӣ карданд. Сеҳрангез, як корбари Фейсбук навиштааст, ки «мо тамоми аснодро пешниҳод кардем, вале онҳо ҳар рӯз ба мо ваъдаҳои хушку холӣ медиҳанд. Аслан ҷиддӣ кор намекунанд».

Аммо Карим, як шаҳрванди Туркия мегӯяд, ки ҳоло мушкилоти хосе ба вуҷуд наомадааст.

Ӯ мегӯяд: «Медунед, ки мусофирон барои виза нороҳат мешаванд, вале алъон ҳам барои туркҳо ва ҳам барои тоҷикҳо гирифтани виза мушкил надорад. Хеле роҳат, тақрибан дар ду-се рӯз ҳам туркҳо ва ҳам мардуми тоҷик виза мегиранд. Иншоаллоҳ хонаводаам аз Туркия меоянд. Мушкил надоштанд, сафорати Тоҷикистон хеле хуб ҷавоб доданд, хеле ёрдам карданд».

Арзиши визаи яксафарии Туркия 60 доллар ва визаи чандсафарӣ 190 доллар аст.

Аз Тоҷикистон ба Туркия дар як ҳафта 5 парвоз сурат мегирад, ки се парвози онро ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" ва ду парвозро ширкати туркии Turkish Airlines анҷом медиҳанд.

Туркия ва Тоҷикистон аз соли 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд. Анкара низоми раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон соли 2018 бекор карда буд ва Тоҷикистон соли 2021 ба шаҳрвандони Туркия сафари 30-рӯзаи бидуни визаро иҷоза дод. Туркия яке аз масирҳои транзитӣ ба кишварҳои ғарбӣ ва муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ дониста мешавад.

Ҳарчанд ҳукумати Туркия сабаби расмии ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Тоҷикистонро эълон накард, бисёриҳо инро бо ҳодисаи ҳамла ба "Крокус сити ҳол"-и Маскав ва эҳтимоли пеш аз ҳамла дар Туркия қарор доштани дастикам ду ҳамлагар рабт медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG