Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: кӯдаконро аз мавҷи гармо ҳимоят кунед


Акс аз як кӯлчае дар вилояти Хатлон, соли 2017
Акс аз як кӯлчае дар вилояти Хатлон, соли 2017

ЮНИСЕФ – Бунёди СММ барои кӯдакон аз мавҷҳои гармо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳушдор дода гуфтааст, дар чунин шароит бахусус бояд дар фикри ҳифзи саломатии кӯдакон буд.

Дар ин бора дар як ёдддошти таҳлилие зикр шудааст, ки рӯзи 20 июл ба забони тоҷикӣ бо номи “Ғалаба бар гармо: муҳофизати кӯдакон аз мавҷҳои гармо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» дар сомонаи ЮНИСЕФ чоп шуд.

Дар ин гузориши мухтасар, аз ҷумла, омадааст, ки то соли 2050 мавҷи гармо дар қаламрави Аврупо ва Осиёи Марказӣ хеле бештар хоҳад шуд ва ин гарморо тамоми кӯдакони сокини ин қаламрав эҳсос хоҳанд кард.

Мавҷи гармо боиси “пайдоиши аллергия, дарунравӣ ва камвазнӣ дар миёни навзодон” шуда метавонад, мегӯяд мутахассисони ЮНИСЕФ. Нишонаҳои бад шудани саломатӣ - афзоиши ҳолатҳои нафастангӣ, афзоиши бемориҳои дилу раг, афзоиши хатари бемориҳои музмини роҳи нафас, гармозадагӣ ва стресс аз гармӣ мебошанд.

Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо, ЮНИСЕФ машварат мегӯяд, “Таъсиси ҷойҳои хунуктар барои навзодон ва кӯдакон, нӯшидани оби фаровон, худдорӣ аз баромад ба кӯча дар соатҳои гарми нисфирӯзӣ ва оҳиста ба машқҳои ҷисмонӣ мутобиқ шудан роҳҳои аз ҳама муассири пешгирии бемориҳои марбут ба гармо мебошад”, омадааст дар ёддошти ин ниҳоди СММ.

XS
SM
MD
LG