Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия ду муллои тоҷикро барои "азоб додан"-и 16 кӯдак дастгир кардаанд


Бошқирдистон яке аз ҷумҳуриҳои умдатан мусулмоннишини Русия аст.
Бошқирдистон яке аз ҷумҳуриҳои умдатан мусулмоннишини Русия аст.

Мақомоти интизомии Русия аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд, ки зоҳиран машғули “сабақи исломӣ додан” ба кӯдакону наврасон будаанд.

Шӯъбаи Кумитаи тафтишотии Русия дар Ҷумҳурии Бошқирдистон рӯзи 12-уми июл дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки ду нафарро барои азоб додан ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани 16 наврас ва кӯдаки аз 4 то 16-сола дастгир кардаанд.

Дар баёния омадааст: “Шонздаҳ ноболиғи аз 4 то 16-сола, ки қисме аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, муддати дарозе дар як хонаи иҷора нигаҳ дошта мешуданд ва нисбат ба онҳо шеваҳои ғайриқонунии тарбия, аз ҷумла муносибати бераҳмонаву заданро раво медиданд. Яке аз наврасон аз хона гурехта ва барои кӯмак ба мағозаи наздиктарин муроҷиат кардааст.”

Ба гуфтаи мақомот, баъди муроҷиати кӯдак шаби 12-уми июл мақомоти интизомӣ ба он хона рафта ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир ва “кӯдаконро озод карданд.”

Мақомот гуфтаанд, ки ҳамаи наврасону кӯдаконро ба идораҳои ҳифзи кӯдак супурдаанд ва падару модарони онҳоро ёфта, ба рафторашон баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд. Сафорати Тоҷикистон ва ё касе аз волидони кӯдакон дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон баъзе аз волидон кӯдакони худро ҳангоми таътил ба назди руҳониён ба “сабақгирӣ” мефиристоданд, ки ҳоло дар кишвар мамнуъ аст ва барои ин кор ҷазо низ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG