Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири собиқи Филармонияи давлатии Тоҷикистон боздошт шудааст


Кароматулло Раҳимзода, директори “Филармонияи давлатии Тоҷикистон”
Кароматулло Раҳимзода, директори “Филармонияи давлатии Тоҷикистон”

Оҷонсии мубориза бо фасод Кароматулло Раҳимзода, директори собиқи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва падари Ситораи Кароматулло, овозхони шинохтаро боздошт кардааст.

Нашрияи “Паёми Душанбе” дар саҳифаи фейсбукиаш бо такя ба Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 9-уми июл хабар дод, ки Кароматулло Раҳимзода барои аз худ кардани беш аз 830 ҳазор сомонӣ (зиёда аз 78 ҳазор доллар) айбдор мешавад.

Назари Кароматулло Раҳимзода ва пайвандонаш ба ин айбнома дастрас нашудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки Раҳимзода аз моҳи феврали соли 2020 раҳбари “Филармонияи давлатӣ” буд ва дар ин давра бо сармуҳосиб Баҳриддинов С ва соҳибкор Яқубов Ш “маблағҳои барои пардохти музди меҳнат, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мукофотпулиҳо ва дигар хароҷотҳо”-ро бо роҳи сохта аз худ кардааст.

Парвандаи Раҳимзода ва ҳамроҳонашро Оҷонси мубориза зидди фасод барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст.

Дар таҷриба додгоҳҳои Тоҷикистон дар чунин маврид духура амал кардаанд. Бархе аз афроди наздик ба мақомотро бо чунин иттиҳом бо сабаби “барқарор кардани ҷуброни зарар” аз боздошт раҳо, вале бархеро, ки наздиконашон иддао доштанд, “пушту паноҳ надоранд”, зиндонӣ кардаанд.

Кароматулло Раҳимзода солҳо дар бахши фарҳангу санъати Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ солҳо дар Консерваторияи миллӣ ба ҳайси устод кор кардааст ва пеш аз директори Филармонияи давлатӣ шудан дар мансаби директори Мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев кор мекард.

XS
SM
MD
LG