Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти дубораи падари як гумонбари ҳамла дар Доғистон


Муҳаммад (Магомед) Умаров
Муҳаммад (Магомед) Умаров

Мақомот дар Русия раиси собиқи ноҳияи Сергокалинскии ҷумҳурии Доғистонро дубора боздошт карданд.

Муҳаммад (Магомед) Умаров, ки писару ҷиянаш дар миёни ҳамлагарони 23-юми июн буданд, ин навбат бо гумони қаллобӣ боздошт шудааст. Дар ин бора ТАСС бо такя ба “Известия” хабар додааст. ТАСС гуфтааст, ин навбат Умаров аз рӯи моддаи қонуникунии моликияти махсусан гарон, ки бо роҳи ҷиноӣ ба даст омадааст, дастгир шудааст.

Тафтишот гуфтааст, ки Умарову шариконаш “аз роҳи сохтакорӣ ба редаксияи маҳаллии деҳаи Сергокал сокинони русторо ба кор қабул карда пулҳоро дуздидааст”. Маълум нест назари худи ӯ ба ин иттиҳом чист.

Бино ба хабарҳо, Умаров як рӯз пеш аз ин баъди хатми мӯҳлати даҳрӯзаи боздошташ бар асоси иттиҳоми майдаавбошӣ ба озодӣ баромад. Ӯ дар паи ҳамла ба Дарбанду Махачқалъа боздошт шуда буд. ТАСС навишт, ки мақомот мехоҳанд ӯро аз рӯи моддаи “мушорикат дар терроризм” ба ҷавобгарӣ кашанд. Умаровро баъди ҳодисаҳои ду ҳафта пеш аз вазифа маҳрум ва аз ҳайати ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” ронданд.

Писари Умаров – Усмон Умаров ва ҷиянаш Абдусамад Амадзиев, бар асоси иттилои матбуот, шоми 23-юми июл дар миёни ҳамлагарони мусаллаҳ буданд. Муҳаммад Умаровро худи ҳамон шом боздошт ва бозпурсӣ карданд. Baza навишт, ки Умаров дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки баъзе писаронаш ва ҷиянаш ваҳҳобӣ буданд ва “аз ҳама ифротӣ”-ашон Усмон буд.

Дар ҳамлаҳои Доғистон 21 нафар, аз ҷумла 16 ходими полис кушта шуданд. Панҷ ҳамлагари мусаллаҳ ҳам нобуд карда шуданд.

XS
SM
MD
LG