Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

95% бозор сӯхтааст. ВКД сабаби сӯхтор дар Ҷайҳунро гуфт


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхторро дар бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун  ба ҳам расидани ноқилҳои барқӣ номид.

Вазорат гуфт, масоҳати сӯхтор беш аз 2800 метри мурабаъ буд, вале касе осеб надидааст. Бозор шаби якум ба дуюми июл оташ гирифт ва даҳҳо фурӯшгоҳи хурду бузург ба коми оташ рафт. 95 дар сади бозор сӯхтааст.

Аз идораи оташнишонии вилояти Хатлон гуфтанд, ки як ҳайати муфаттишон ба Ҷайҳун рафт ва сабабҳои сар задани сӯхторро муайян мекунад.

Умар Пиров, фурӯшандаи асбобҳои барқӣ дар бозори Ҷайҳун, ки ду мағозааш пурра оташ гирифтааст, гуфт, ки ҳудуди 700 ҳазор сомонӣ зарар дидаааст ва маълум нест, ки ҷуброн мешавад ё на.

Бозори ноҳияи Ҷайҳун наздик ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бозори калонест, ки сокинони чанд ноҳия онҷо хариду фурӯш мекарданд. Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон нав нест ва солҳои ахир сӯхтор дар бозорҳо зуд-зуд сабт мешавад.

Садҳо тоҷир ҳам баъди ин ҷуброне намегиранд ва варшикаставу муфлис мешаванду ба сафи муҳоҷирони корӣ мепайванданд.

XS
SM
MD
LG