Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон пӯшидани ниқобро муваққатан манъ карданд


Идораи муфтиёти Доғистон – ҷумҳурие дар ҳудуди Қафқози Шимолӣ фатво дод, ки пӯшидани ниқоб муваққатан манъ шавад.

Хабар дар телеграм-канали муфтиёт нашр шудааст. Аз ин пеш шӯъбаи фатвои муфтиёти Доғистон қарор кард, ки барои пурра манъ кардани ниқобпӯшии сокинон асосе вуҷуд надорад, вале бо далелҳои амниятӣ чунин монеа метавонад дар сатҳи маҳал ҷорӣ шавад.

Сабаби муваққатан манъ шудани ниқобпӯшӣ дар Доғистон муроҷиати вазорати минтақавӣ оид ба сиёсати динӣ мебошад, навиштааст Радио Свобода. Муфтии Доғистон Аҳмад Абдуллоев рӯзи 2 июл гуфт, ки манъи пӯшидани ниқоб метавонад як чораи муваққатӣ “то пурра ором шудани вазъ дар минтақа” бошад ва ин ҳолатро бо маҳдудиятҳое монанд кард, ки дар давраи пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда буд.

Абдуллоев фатвои навро дар мулоқоташ бо раҳбари ҷумҳурии Доғистон Сергей Меликов ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эълон кард. Мулоқот ба ҳодисаҳои ҳамлаи мудҳиши мусаллаҳон ба ибодатгоҳҳои насрониҳову яҳудиҳо рӯзи 23-юми июн рабт дошт. Аз ин пеш Сергей Меликов зидди пӯшидани ниқоб баромад карда буд.

Ӯ гуфт, чунин либос “ва ҳам куртаҳои васеъ ба мардону занон имкон медиҳад, ки маводи манъшударо дар зери он пинҳон кунанд”. Айни чунин андешаро Александр Бастрыкин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия ҳам баён карда буд. Дар ҷавоб раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров даъват намуд, ки «бо пахши чунин изҳорот эҳтиёткор бошанд». Раҳбари масҷиди чомеаи Маскав Илдар Алоуддинов гуфт, ки манъи ниқоб метавонад боиси эҷоди таниш дар ҷомеаи Русия шавад.

XS
SM
MD
LG