Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фоҷиаи баъди як маросими динӣ дар Ҳинд 120 нафар ҷон дод


Ин зан писарашро аз даст додааст
Ин зан писарашро аз даст додааст

Дар кишвари Ҳинд шумори талафоти мардум дар паи як маъракаи серҷамъияти мазҳабӣ ба 120 нафар баробар шуд.

Рӯзи 2-юми июл дар аёлати Уттар Прадеж дар паи хатми як маросими диние ба раҳбарии роҳиби ҳиндӣ Бҳоле Бобо, ки дар он тахминан 50 ҳазор кас иштирок кард, як хаймаи худсохти болои мардум шикаст ва мардум саросемавор талош карданд аз зери он фирор кунанд.

Бисёриҳо аз по афтоданд ва издиҳоми мардум бо пахш кардани ҳамдигар талош карданд аз ҷои ҳодиса фирор кунанд.

Прашант Кумар, раҳбари полиси Уттар Прадеж гуфт, бисёр нафароне, ки дар ин ҳодиса ҷон доданд, занону кӯдакон мебошанд.

Як фарзияи дигар ин аст, ки гармии шадид сабаби рух додани фоҷеа шуд. Беш аз 80 нафар ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд.

Хабаргузориҳо мегӯянд, ҳодиса баъди хатми маросим ва минбарро тарк кардани Бҳоле Бобо рух дод ва ҳоло полис талош дорад худи ин роҳибро низ пайдо кунад, чун баъди ҳодиса нопадид шудааст.

Таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG