Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии Аврупо-2024: Ҳолланд ва Туркия ба чорякфинал баромаданд


Рӯзи дуюми июл ду бозии охирини даври 1/8-ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардид.

Дар шаҳри Мюнхен дастаҳои мунтахаби Нидерланд ё Ҳолланд ва Руминия рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба суди ҳолландиҳо хотима ёфт. Ду голро Дониелл Мален дар дақиқаҳои 83-юм ва 90-ум ба самар расонид. Боз як гол ба Коди Гакпо (дақиқаи 20-ум) мутааллиқ аст.

Дертар дар Лейпсиг тимҳои миллии Австрия ва Туркия вориди рақобат шуданд. Ин бозӣ бо пирӯзии туркҳо бо ҳисоби 2:1 ба поён расид.

Ҳарду голи мунтахаби Туркияро Мерих Демирал дар дақиқаҳои якум ва 59-ум зад. Як голи австриягиҳоро Михаэл Грегорич дар дақиқаи 66-ум ба дарвозаи мунтахаби Туркия ворид кард.

Бояд гуфт, голи аввалро Демирал дар сонияи 57‑ум зад, ки ин зудтарин гол дар таърихи плей‑оффи мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо ба шумор меравад.

Мунтахаби Туркия охирин дастаи иштироккунандаи даври чорякниҳоӣ гардид.

Ҳамин тариқ, дар чорякфинал 5-уми июл дар Штутгарт дастаҳои мунтахаби Олмон ва Испания, дар Ҳамбург тимҳои миллии Португалия ва Фаронса рақобат мекунанд

Ду бозии дигари даври чорякниҳоӣ рӯзи 6-уми июл барпо мегардад. Дар Дюсселдорф тимҳои миллии Англия ва Швейтсария, дар Берлин дастаҳои мунтахаби Нидерланд ва Туркии бозӣ хоҳанд кард.

Дастаҳои мунтахаби Италия, Дания, Словакия, Гурҷистон, Белгия, Словения, Руминия ва Австрия, ки дар ҳаштякфинал ноком шуданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок кард. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои севум ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Англия, Дания ва Словения аз гурӯҳи С, Австрия, Фаронса ва Ҳолланд аз гурӯҳи D, Руминия, Белгия ва Словакия аз гурӯҳи Е, Португалия, Туркия, Гурҷистон аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромаданд.

Даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон, ки 29-уми июн шуруъ шуд, 2-юми июл ба поён расид. Бозиҳои даври чорякниҳоӣ рӯзҳои 5-уму 6-уми июл ва бозиҳои нимфинали мусобиқот рӯзҳои 9-уму 10-уми июл баргузор мешаванд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон рӯзи якшанбеи 14-уми июл дар шаҳри Берлин доир мегардад.

Нишонзанҳои қаҳрамонии Аврупо-2024:

Коди Гакпо (Нидерланд) – 3 гол

Ҷамол Мусиала (Олмон) – 3 гол

Иван Шранс (Словакия) – 3 гол

Жорж Микаутадзе (Гурҷистон) – 3 гол (2 – аз пеналти)

Ҷуд Беллингем (Англия) – 2 гол

Мерих Демирал – 2 гол

Кейн Ҳарри (Англия) – 2 гол

Мален Дониелл (Нидерланд) – 2 гол

Руис Фабиан (Испания) – 2 гол

Никлас Фюллкруг (Олмон) – 2 гол

Марин Рэзван (Руминия) – 2 гол (1 – аз пеналти)

Кай Ҳаверс (Олмон) – 2 гол (2 – аз пеналти)

Қаҳрамонии Аврупо-2024

1/8 финал

Швейтсария — Италия – 2:0

Олмон — Дания – 2:0

Англия — Словакия – 2:1

Испания — Гурҷистон – 4:1

Фаронса — Белгия – 1:0

Португалия — Словения – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:0)

Руминия —Нидерланд (Ҳолланд) – 0:1

Австрия — Туркия – 1:2

5 июл, ҷумъа:

1/4 финал, Испания – Олмон, 20:45

1/4 финал, Португалия – Фаронса, 23:45

6 июл, шанбе:

1/4 финал, Англия – Швейтсария, 20:45

1/4 финал, Нидерланд – Туркия, 23:45

9 июл, сешанбе:

1/2 финал, 23:45

10 июл, чоршанбе:

1/2 финал, 23:45

14 июл, якшанбе:

Финал, 23:45

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

XS
SM
MD
LG