Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Тоҷикистону Покистон Созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд


Акс аз president.tj
Акс аз president.tj

Дар ҷараёни мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар Душанбе рӯзи 2 июл Созишномаи шарикии стратегӣ байни  Тоҷикистон ва  Покистон ба имзо расид.

Қаблан Тоҷикистон чунин созишномаи шарикии стратегиро бо Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Чин, Туркманистон, Беларус ва Озарбойҷон имзо карда буд.

Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, дар маҷмӯъ дар поёни ин сафари баландпоя, нӯҳ санади ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар миёни ин санадҳо

Созишномаи ҳамкории байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Покистон;

протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;

барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии ду кишвар;

Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон;

инчунин се Ёддошти тафоҳуми байни сохторҳои авиатсияи гражданӣ, донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Панҷоб ва Ёддошти тафоҳум дар соҳаи крикет мебошанд.

XS
SM
MD
LG