Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 маҳбус дар Покистон аз зиндон фирор кардаанд


Сарбозони покистонӣ. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони покистонӣ. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон гуфтанд, 18 зиндонӣ аз як зиндон дар минтақаи баҳсии Ҳимолойи Кашмир фирор кардаанд. Ҳодиса 30-юми июн рух дода, дар миёни зиндониён онҳое низ будаанд, ки ба эъдом маҳкум шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, яке аз зиндониён ба воситаи таппонча калидҳои дари маҳбасро аз як посбон гирифтааст.

Риёз Муғол, раиси пулиси маҳаллӣ ба расонаҳо гуфтааст, яке аз маҳбусони фирорӣ дар вақти тиркушоӣ кушта шуд. Ба гуфтаи ин масъул, дар миёни фирориён шаш нафарашон ба ҳукми қатл ва се нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуда буданд.

Сардори зиндон ва чанд афсари дигарро дар робита ба ин ҳодиса аз мақомҳояшон барканор кардаанд.

XS
SM
MD
LG