Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди ҳамлагар ба полиси назди сафорати Исроил дар Белград кушта шуд


Ҷои ҳодиса
Ҷои ҳодиса

Марде, ки бо камони оҳанӣ ё арбалет рӯзи 29-уми июн афсари полисро дар назди сафорати Исроил дар Белград (маркази Сербистон) маҷрӯҳ кард, кушта шуд.

Вазири корҳои дохилии Сербистон гуфт, ҳодиса як “амали террористӣ мебошад”.

Феълан маълум нест, ки афсари полис ҳадафи асосии ҳамлагар буда ё сафорати Исроил.

Ба иттилои дастрасшуда, марде тақрибан соати 11-и рӯз ба назди муҳофизи сафорат наздик шуда, пурсидааст, ки то осорхона (музей) чӣ гуна мешавад рафт. Муҳофиз гуфтааст, дар он ҷо ҳеч осорхонае нест. Мард рафту баъди чанде дубора баргашт.

Мақомот гуфтанд, ӯ дарвозаи сафоратро боз карда, бо камонаш ба сӯи афсари полис тир кушод. Тири камон ба гардани афсар расид.

Афсар дар ҷавоб аз силоҳ тир зад ва мард дар ҳамон ҷо ҷон дод. Маълум нест, ки оё ҳамлагар танҳо буд ва ё дар пушташ кадом гурӯҳе қарор дошт. Сафорати Исроил ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG