Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Қазоқистон ҳақи духтари ҳиҷобпӯш ба таҳсилро барқарор кард


Анели 13-сола
Анели 13-сола

Додгоҳе дар Қазоқистон баҳси миёни мактаб ва падари духтари ҳиҷобпӯшро ба манфиати талабаи 13-сола ҳал кард ва ҳақи ӯро барои таҳсил барқарор намуд.

Додгоҳе дар Қазоқистон баҳси миёни мактаб ва падари духтари ҳиҷобпӯшро ба манфиати талабаи 13-сола ҳал кард ва ҳақи ӯро барои таҳсил барқарор намуд.

Мурофиаи додгоҳи маъмурӣ дар шаҳри Қарағанда рӯзи 28-уми июн барпо шуд. Асли баҳс ин аст, ки муассисаи таълимии “Назарбоев – мактаби интеллектуалӣ” дар шаҳри Қарағанда соли 2023 Анел, духтари Болат Мусинро ба хотири пӯшидани ҳиҷоб нагузошт вориди мактаб шавад.

Навраси мактабхон дар дарсҳо ҳозир нашуд ва ба ҳамин хотир ӯро аз мактаб хориҷ карданд. Баъди муроҷиатҳои чандинмоҳаи падар, ниҳоят додгоҳи маъмурӣ баргузор гардид ва додгоҳ гуфт, ки ҳақи таҳсили ҳатмии кӯдак дар мактаб нақз шудааст ва Анел бояд дар синфи 8-и мактаб барқарор шавад. Анел мегӯяд, ба хотири эътиқодаш ҳиҷоб ба сар мекунад.

Чанд рӯз пеш аз ин ҳам дар вилояти Павлодари Қазоқистон додгоҳ шикояти модари хонандагон синфҳои 6 ва 9-и мактаби миёнаро қонеъ кард, ки аз болои мактаб барои роҳ надодани духтаронаш ба хотири ҳиҷобпӯшии онҳо шикоят карда буд. Додгоҳ гуфт, бо сабаби риоя нашудани либоси ҳатмии мактабӣ аз мактаб хориҷ кардани талабаҳо ғайриқонунӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG