Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Узбекистон хост, масҷидҳои ғайрирасмиро вайрон кунанд


Тошканд, акс аз соли 2018
Тошканд, акс аз соли 2018

Манбаъҳои наздик ба ҳукумати Узбекистон мегӯянд, сарвазири ин кишвар Абдулло Орифов рӯзи 24-уми июн дастур додааст, ки беш аз 400 бинои масҷидеро, ки ба таври расмӣ номнавис нашудаанд, вайрон кунанд ё ба соҳибкорон диҳанд.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ аз ҷузъиёти ҷаласа, ки дар он раҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон ҳам ҳузур доштанд, Орифов гуфтааст, ин тасмим ба “консепсияи давлатдории дунявӣ" рабт дорад, ки рӯзҳои наздик татбиқ хоҳад шуд.

Сарвазири Узбекистон хостааст, ҳангоми иҷрои ин дастури ӯ "эҳсоси мардумро ба инобат гиранд ва дар миёни сокинон дар ин замина корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад".

Як ҳамсуҳбати дигари Бахши узбекии Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, мақомоти Узбекистон мехоҳанд, биноҳоеро тахриб кунанд ё ба соҳибкорон диҳанд, ки бо пули мардум сохта шудаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин бора қарори расмии ҳукумати Узбекистон ба имзо расидааст ё не.

Тибқи омори Идораи мусулмонони Узбекистон, то моҳи январи соли 2023 дар ин кишвар 2118 масҷид номнавис шудааст. Хабаргузории "Daryo.uz" бо истинод ба "УзА" моҳи майи соли 2018 навишта буд, ки дар шаҳри Тошканд дар баробари масҷидҳои ҷомеи сабтшуда 65 масҷиди ғайрирасмӣ ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG